Инҷили Матто 16
16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Фарисиён аломати осмонӣ металабанд.
1Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.
2Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: „Ҳаво хуб хоҳад шуд, чунки осмон сурх аст“;
3Бомдодон мегӯед: „Имрӯз ҳаво бад хоҳад шуд, чунки осмон арғувонӣ ва гирифта мебошад“. Эй риёкорон! Қиёфаи осмонро фарқ карда метавонеду аломоти замонҳоро наметавонед?
4Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.
Огоҳонидан аз таълимоти фарисиён ва саддуқиён.
5Ва чун шогирдон ба соҳили дигар убур карданд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд.
6Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед».
7Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем».
8Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед?
9Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
10Ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
11Чаро намефаҳмед, ки на дар бораи нон ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед?»
12Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо амр фармудааст на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунанд.
Эътирофи Петрус.
13Вақте ки Исо ба музофоти Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?»
14Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёӣ ё яке аз пайғамбаронӣ».
15Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?»
16Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».
Башорати аввалин дар бораи калисо.
17Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.
18Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд;
19Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд».
20Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.
Исо ба шогирдон дар бораи мамот ва зҳьёи Худ зълон мекунад.
21Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, саркоҳинон ва китобдонон бисьёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳьё шавад.
22Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: «Ҳошо Туро, эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод!»
23Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
24Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
25Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад;
26Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
27Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.
Дигаргун шудани Худованд.
Симои Малакуте ки меояд.
28Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».
Currently Selected:
Инҷили Матто 16: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.