Bible App logo
Search Icon

Инҷили Матто 15

15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Аҳкоми Худо аз ривоятҳои инсонӣ болотар аст.
1Он гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Ерусалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд:
2«Чаро шогирдони Ту ривоятҳои муршидонро вайрон мекунанд? Зеро ки пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд».
3Ӯ ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Чаро шумо ҳам ба хотири ривоятҳои худ ҳукми Худоро вайрон мекунед?
4Зеро ки Худо хукм кардааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.
5Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, ҳадия барои Худост»,
6Баъд аз он вай набояд падар ё модари худро ҳурмат кунад“. Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.
7Эй риёкорон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пайғом дода, гуфтааст:
8„Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд
ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд,
лекин дилашон аз Ман дур аст;
9Пас Маро бар абас парастиш мекунанд,
зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“».
Одамро ба ҳузури Худо чӣ палид мекунад.
10Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва бифаҳмед:
11На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».
12Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, ба васваса афтоданд?»
13Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари Ман, ки дар осмон аст, нашинонда бошад, решакан хоҳад шуд;
14Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».
15Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ».
16Исо гуфт: «Оё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед?
17Оё ҳанӯз дарк накардаед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад?
18Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад;
19Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад:
20Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».
Шифо ёфтани духтари канъонӣ.
21Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сӯр ва Сидӯн рафт.
22Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба Ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст».
23Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, зеро ки аз ақиби мо фарьёд мезанад».
24Дар ҷавоб гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».
25Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Худованно! Ба ман мадад кун».
26Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».
27Зан гуфт: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд».
28Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту бишавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.
Шифо ёфтани беморони бисьёр.
29Исо аз он ҷо ҳаракат карда, назди баҳри Ҷалил омад ва бар фарози кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.
30Ва мардуми бисьёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод,
31Ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд; ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд.
Сер шудани чор ҳазор мард.
32Ва Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна ҷавоб диҳам, ки мабодо дар роҳ бемадор шаванд».
33Шогирдонаш дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин анбӯҳро сер кунем?»
34Исо ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто, ва андак моҳии майда».
35Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин биншинанд,
36Ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд.
37Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд;
38Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд.
39Пас Ӯ мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуд ва ба худуди Маҷдал омад.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in