1
Инҷили Матто 15:18-19
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад; Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад
Compare
Explore Инҷили Матто 15:18-19
2
Инҷили Матто 15:11
На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».
Explore Инҷили Матто 15:11
3
Инҷили Матто 15:8-9
„Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“».
Explore Инҷили Матто 15:8-9
4
Инҷили Матто 15:28
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту бишавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.
Explore Инҷили Матто 15:28
5
Инҷили Матто 15:25-27
Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Худованно! Ба ман мадад кун». Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». Зан гуфт: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд».
Explore Инҷили Матто 15:25-27