Инҷили Матто 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рӯзи шанбе.
1Дар он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд.
2Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест».
3Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
4Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд?
5Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар маъбад оини шанберо риоят намекунанд ва бо вуҷуди он бегуноҳанд?
6Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо Шахсе ҳаст, ки аз маъбад бузургтар аст;
7Ва агар медонистед, ки „марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ“ чӣ маъно дорад, бегуноҳонро мазаммат намекардед;
8Зеро ки Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».
Шифо ёфтани одами дастхушк дар рӯзи шанбе.
9Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад.
10Ва инак, дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд.
11Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба мағоке афтаду онро гирифта набарорад?
12Пас чӣ қадар аз гӯсфанд одам азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некӣ кардан ҷоиз аст».
13Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
14Фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.
Исои бандаи Худо дар хомӯшӣ амал мекунад.
15Лекин Исо инро дарьёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид,
16Ва ба онҳо фармоиш дод, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд,
17То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст:
18«Инак Бандаи Ман, ки Ӯро баргузидаам, ва Маҳбуби Ман,
ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст;
Рӯҳи Худро бар Ӯ хоҳам ниҳод,
то ки довариро ба халқҳо эълон кунад;
19Ситеза ва фиғоне нахоҳад кард,
ва касе дар кӯчаҳо овози Ӯро нахоҳад шунид;
20Наи хамидаро нахоҳад шикаст ва фатилаи нимсӯхтаро хомӯш нахоҳад кард,
то даме ки довариро ба ғалаба оварда расонад;
21Ва халқҳо ба исми Ӯ умед хоҳанд баст».
Шифо ёфтани девона.
Куфри фарисиён.
22Он гоҳ девонаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд.
23Ва тамоми мардум дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?»
24Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат ба воситаи Баал‐Забул, калони девҳо, берун мекунад».
25Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.
26Ва агар шайтон шайтонро берун кунад, вай бар зидди худ аз ҳам ҷудо шуда бошад: пас салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад?
27Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
28Лекин агар Ман девҳоро бо Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
29Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?
30Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.
Гуноҳе ки омурзида намешавад:
ба шайтон нисбат додани аъмоли Рӯҳулқудс.
31Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд.
32Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд, на дар ин олам, на дар олами оянда.
Ҷавобгарӣ барои сухан.
33Ё дараҳтро нек гардонед ва меваашро нек; ё дарахтро бад гардонед ва меваашро бад; зеро ки дарахт аз мевааш шинохта мешавад.
34Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд.
35Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.
36Лекин ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳанд дод:
37Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд».
Исо ба муқобили фарисиёне ки мӯъҷизот металабанд.
38Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён ба ҷавоб гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем аломате аз Ту бубинем».
39Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабад: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;
40Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд.
41Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.
42Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.
Баргаштани рӯҳи палид.
43Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад;
44Он гоҳ мегӯяд: „Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам“. Ва гашта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад;
45Пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли шарир низ ҳамин тавр хоҳад шуд».
Хешовандони ҳақиқии Исо.
46Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд.
47Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд».
48Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?»
49Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
50Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».
Currently Selected:
Инҷили Матто 12: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.