YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 13

13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Ҳафт масал дар бораи Малакути Осмон.
Коранда.
1Ва ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст.
2Ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки ӯ ба қаиқ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
3Ва бо масалҳо чизҳои бисьёрро ба онҳо омӯхта, гуфт: «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт;
4Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро хӯрданд;
5Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
6Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд;
7Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд;
8Қадаре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ.
9Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
10Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯӣ?»
11Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;
12Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
13Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд, ва намефаҳманд;
14Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст:
„Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид;
бо чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард,
вале нахоҳед дид;
15Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст,
ва чашмони худро бастаанд,
мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд
ва бо дилҳо бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд,
ва Ман онҳоро шифо диҳам“.
16Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд;
17Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд.
18Пас шумо маънои масали корандаро бишнавед:
19Ҳар кӣ каломи Малакутро бишнавад, ва нафаҳмад, иблис назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта шудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар канори роҳ кошта шудааст.
20Ва кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад;
21Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад.
22Ва кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад, ва он бесамар мегардад.
23Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».
Сирри дуюм: мастак дар миёни гандум.
24Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст;
25Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт;
26Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд.
27Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: „Эй оғо! Оё дар киштзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?“
28Вай ба онҳо гуфт: „Ин кори душман аст“. Ғуломон ба вай гуфтанд: „Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?“
29Вай гуфт: „Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед;
30Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан банд‐банд кунед; лекин гандумро дар анбори ман захира кунед“».
Сирри сеюм: донаи хардал.
31Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст,
32Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошьёна месозанд».
Сирри чорум: хамиртуруш.
33Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».
34Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт,
35То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст:
«Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям;
чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст,
баён менамоям».
Маънидоди сирри дуюм.
36Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон».
37Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Корандаи тухми некӯ Писари Одам аст;
38Киштзор ин ҷаҳон аст; тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд, ва мастакҳо писарони иблис мебошанд;
39Ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст, ва даравгарҳо фариштагонанд.
40Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми олам низ ҳамон тавр ҳоҳад шуд:
41Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард,
42Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.
43Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
Сирри панҷум: ганҷи ниҳонӣ.
44Боз Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард, ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.
Сирри шашум: марворид.
45Боз Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст,
46Ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.
Сирри ҳафтум: тӯр.
47Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад,
48Ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур андохтанд.
49Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд,
50Ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».
51Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!»
52Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».
Исо ба Носира бармегардад ва Ӯро боз мункир мешаванд.
53Вақте ки Исо ин масалҳоро ба оҳир расонд, аз он ҷо равона шуд,
54Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот?
55Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марьям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо?
56Ва ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?»
57Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар хонаи худ».
58Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо мӯъҷизаи бисьёр нишон надод.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in