YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 11

11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Саволи Таъмиддиҳанда ва ҷавоби Исо.
Шаҳодати Исо дар бораи Таъмиддиҳанда.
1Чун Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад.
2Вақте ки Яҳьё дар зиндон аъмоли Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худ фиристод,
3То ки ба Ӯ бигӯянд: «Оё Ту Ҳамон хастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
4Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидед ва дидед, ба Яҳьё бигӯед:
5Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад;
6Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
7Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани нае ки аз бод меларзад?
8Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
9Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набӣ? Оре, ба шумо мегӯям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст.
10Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст:
„Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.
11Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Малакути Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
12Ва аз айёми Яҳьёи Таъмиддиҳанда то алҳол Малакути Осмон бо зӯрӣ ба даст оварда мешавад, ва зӯроварон онро мерабоянд;
13Зеро ки тамоми анбиё ва Таврот то вақти зуҳури Яҳьё пешгӯӣ кардаанд.
14Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Ильёс аст, ки бояд биёяд.
15Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
16Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Вай ба кӯдаконе монанд аст, ки дар кӯчаҳо нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда,
17Мегӯянд: „Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед“.
18Зеро ки Яҳьё омад, намехӯрад ва наменӯшад; мегӯянд: „Дев дорад“.
19Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; мегӯянд: „Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».
Ба мункирон Исо довариро пешгӯӣ мекунад.
20Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.
21«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
22Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз шумо сабуктар хоҳад буд.
23Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзах сарнагун хоҳӣ шуд; зеро агар мӯъҷизоте ки дар ту зоҳир шуд, дар Садӯм зоҳир мешуд, вай то имрӯз боқӣ мемонд;
24Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад буд».
Ситоиши Падар.
25Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ.
26Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд.
27Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.
Даъват кардани заҳматкашон ва гаронборон.
28Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
29Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
30Зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in