Bible App logo
Search Icon

Айюб 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Айюб ба Билдод ҷавоб мегардонад: ӯ гуноҳкор аст, лекин на риёкор.
1Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Яқин медонам, ки чунин аст,
вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад?
3Агар бихоҳад бо Ӯ баҳс кунад,
яке аз ҳазор ҳам ба вай ҷавоб нахоҳад дод.
4Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст;
кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад?
5Ӯ кӯҳҳоро мекӯчонад, ва намефаҳманд;
дар ғазаби Худ онҳоро чаппа мекунад.
6Заминро аз ҷои он меҷунбонад,
ва сутунҳои он ба ларза меояд.
7Ба офтоб амр мефармояд, ва он тулӯъ намекунад;
ва ситорагонро мӯҳр мезанад.
8Танҳо Худаш осмонро мегустаронад,
ва бар баландиҳои баҳр қадамгузор мешавад.
9Дубби Акбар, Ҷаббор ва Парвин ва бурҷҳои ҷанубро офаридааст.
10Корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад,
ва корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад.
11Инак, аз пешам убур менамояд, вале Ӯро намебинам;
ва бодвор гузашта меравад, вале Ӯро пайхас намекунам.
12Инак, мерабояд; кист, ки Ӯро боздорад?
Кист, ки ба Ӯ бигӯяд: „Чӣ мекунӣ“?
13Худо ғазаби Худро бознамедорад;
мададгорони раҳаб#9:13 Раҳаб — аждаҳо (ҳайвони бадҳайбати афсонавӣ, ки бар зидди Худо қиём карда, мағлуб шудааст). зери пои Ӯ пахш мешаванд.
14Алалхусус ман магар метавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам,
ва суханони худро ба ҳузури Ӯ интихоб намоям?
15Ҳарчанд ҳақ ба ҷониби ман бошад ҳам, ҷуръат надорам ҷавоб гардонам,
балки назди Довари худ тазаррӯъ хоҳам кард.
16Агар Ӯро мехондам, ва Ӯ ба ман ҷавоб медод,
— бовар намекардам, ки овози маро шунидааст,
17Чунки Ӯ маро бо тундбоди хашмаш шикаст медиҳад,
ва ҷароҳатҳои маро бесабаб афзун мекунад,
18Маро намегузорад, ки нафаси худро рост кунам,
балки маро аз талхиҳо сер мекунад.
19Агар ин бо қувват вобаста бошад, инак Ӯ ҷасур аст,
ва агар бо доварӣ вобаста бошад, кист, ки маро хабар кунад?
20Агар худро сафед кунам, даҳонам маро айбдор менамояд;
ва агар беайб бошам, Ӯ маро каҷкор мешуморад.
21Ман беайб ҳастам,
ғами ҷони худро намехӯрам,
аз зиндагии худ безор шудаам.
22Фарқ надорад, бинобар ин мегӯям,
ки Ӯ беайб ва шарирро ба ҳалокат мерасонад.
23Агар тозиёна баногоҳ бикушад,
ба яъси бегуноҳон Ӯ истеҳзо мекунад.
24Замин ба дасти шарир дода шудааст;
вай рӯи доварони онро мепӯшонад.
Агар Ӯ набошад, пас кист?
25Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст,
— медавад, некӣ намебинад,
26Мисли заврақҳои бардӣ ба зудӣ мегузарад,
мисли уқобе ки ба нахҷир дартоз ҳамла мекунад.
27Агар бигӯям, ки „биё, андӯҳи худро фаромӯш кунам,
туршрӯии худро бартараф намоям ва кушодарӯй гардам“, —
28Аз азиятҳои худ саропо ба изтироб меоям,
зеро медонам, ки Ту маро бегуноҳ ҳисоб нахоҳӣ кард.
29Модоме ки ман айбдор ҳисоб ёбам,
чаро бар абас заҳмат кашам?
30Агар дар оби барф ғусл намоям
ва дастҳои худро бо собун тоза кунам,
31Он гоҳ маро дар ифлосӣ меғӯтонӣ,
ба тавре ки либосҳоям аз ман нафрат хоҳад кард.
32Зеро ки Ӯ мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам,
ва якҷоя ба дорулқазо биравем.
33Дар миёни мо ҳакаме нест,
ки дасти худро бар ҳар дуи мо бигузорад.
34Кошки асои Худро аз ман дур мекард,
ва бими Ӯ маро дар даҳшат намеандохт!
35Он гоҳ сухан мерондам ва аз Ӯ наметарсидам,
зеро ки ман ба худии худ чунин нестам.

Currently Selected:

Айюб 9: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in