Bible App logo
Search Icon

Айюб 10

10
БОБИ ДАҲУМ
Давоми нутқи Айюб.
1Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст;
ба андӯҳи худ дода мешавам;
аз талхии ҷони худ сухан меронам.
2Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун;
ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?
3Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ,
вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ,
ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?
4Оё Туро чашмони башар аст?
Оё дидани Ту мисли дидани инсон аст?
5Оё рӯзҳои Ту мисли рӯзҳои инсон аст?
Оё солҳои Ту мисли рӯзҳои мард аст,
6Ки гуноҳи маро ҷустуҷӯ менамоӣ
ва хатои маро кофтуков мекунӣ,
7Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам,
ва аз дасти Ту халоскунандае нест?
8Дастҳои Ту сурати маро сохта, ҳаматарафа мукаммал намудааст ва маро офаридааст,
— ва маро нобуд мекунӣ?
9Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ,
— ва маро ба хок бармегардонӣ?
10Ту, охир, маро мисли шир рехтаӣ,
ва маро мисли панир ба қиём овардаӣ.
11Маро пӯст ва гӯшт пӯшондаӣ,
ва маро бо устухонҳо ва пайҳо пайвастаӣ.
12Ҳаёт ва эҳсон ба ман ато кардаӣ,
ва тафаққуди Ту рӯҳи маро нигаҳбонӣ намудааст.
13Вале ин чизҳоро низ дар дили худ пинҳон доштаӣ, —
медонам, ки ин андаруни Ту буд, —
14Ки агар хатое кунам, Ту бар ман камин хоҳӣ кард,
ва аз гуноҳи ман нахоҳӣ гузашт.
15Агар айбдор бошам, вой бар ман!
Ва агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, ҷуръат надорам сари худро бардорам:
аз нанг сер шудаам ва доим залолати худро мебинам.
16Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард,
ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.
17Шоҳидони нави Худро ба муқобили ман хоҳӣ овард,
ва ғазаби Худро бар ман пурзӯр хоҳӣ кард,
ва фавҷҳои азобу уқубат пай дар ҳам ба сари ман хоҳанд омад.
18Пас чаро маро аз батн берун овардӣ?
Кошки ҳамон вақт мемурдам, ва чашме маро намедид,
19Ки он вақт ба чизи номавҷуде монанд мебудам,
ва аз батн рост ба қабр бурда мешудам!
20Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо,
ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,
21Пеш аз он ки бебозгашт биравам,
ба кишвари торикӣ ва зулмот,
22Ба кишвари тирагӣ, ки мисли торикист,
ба кишвари зулмот, ки тартиботе надорад,
ва тирагии он мисли торикист“».

Currently Selected:

Айюб 10: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in