Bible App logo
Search Icon

Айюб 8

8
БОБИ ҲАШТУМ
Нутқи якуми Билдод, ки Айюбро риёкор мешуморад.
1Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2«То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт?
Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд?
3Оё Худо дар доварӣ каҷкорӣ менамояд?
Ва Қодир адолатро каҷ мекунад?
4Модоме ки писаронат назди Ӯ хато кардаанд,
Ӯ онҳоро ба дасти гуноҳашон супурдааст.
5Агар ту Худоро биҷӯӣ,
ва аз Қодир илтиҷо намоӣ,
6Ва агар ту пок ва росткор бошӣ,
яқин аст, ки Ӯ бар ҳифзи ту хоҳад бархост,
ва маскани адли туро мукаммал хоҳад кард.
7Ва агар аввали ту назарногир бошад,
охири ту бағоят нашъунамо хоҳад ёфт.
8Зеро ки аз наслҳои қадим бипурс,
ва ба тадқиқоти падарони онҳо диққат намо:
9Мо дирӯза ҳастем, ва чизе намедонем,
чунки рӯзҳои мо сояе бар замин аст.
10Онҳо, охир, туро таълим хоҳанд дод, ба ту хоҳанд гуфт,
ва суханонро аз таҳти дили худ берун хоҳанд овард.
11Оё най бе ботлоқ қад мекашад?
Оё қамиш бе об нумӯ мекунад?
12Ҳанӯз дар айни таровати худ, бе он ки бурида шуда бошад,
пеш аз ҳар алаф хушк мешавад.
13Чунин аст тариқи ҳамаи худобехабарон;
ва умеди кофир нест хоҳад шуд,
14Ки худбоварии ӯ решакан мешавад,
ва паноҳгоҳи ӯ хонаи анкабӯт аст:
15Бар хонаи худ такья мекунад, вале наметавонад истодагӣ намояд;
онро сахт медорад, вале наметавонад қоим бошад.
16Пеши офтоб нахл сабзу хуррам аст,
ва навдаҳояш бар рӯи боғаш паҳн мешавад,
17Решаҳояш назди чашма ба ҳам мепечад,
аз миёни сангҳо гузашта меравад,
18Аммо агар аз ҷои худ канда шавад,
ҷояш онро инкор карда, мегӯяд: „Туро надидаам!“
19Ана ҳамин аст шодмонии роҳи он!
Ва аз хок дигарон хоҳанд сабзид.
20Инак, Худо беайбро тарк наменамояд,
ва бадкешонро дастгирӣ намекунад.
21Ӯ боз даҳонатро аз ханда пур хоҳад кард,
ва лабҳоятро аз нидои шодмонӣ.
22Бадхоҳонат пероҳани хиҷолат дар бар хоҳанд кард,
ва хаймаи шарирон маҳв хоҳад шуд».

Currently Selected:

Айюб 8: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in