Айюб 7
7
БОБИ ҲАФТУМ
Давоми нутқи Айюб.
1Оё ҳаёти одамизод бар замин пурмашаққат нест,
ва рӯзҳои ӯ мисли рӯзҳои муздур нест?
2Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст,
ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,
3Ончунон моҳҳои пуразоб насиби ман гардидааст,
ва шабҳои пуризтироб барои ман таъин шудааст.
4Вақте ки мехобам, мегӯям:
„Кай мехеста бошам?“
Ва шаб кашол меёбад,
ва ман гирифтори бедорхобӣ шуда, то субҳидам аз паҳлу ба паҳлу мегардам.
5Ҷисми ман бо кирмҳо ва лӯндаҳои хок пӯшида шудааст;
пӯсти ман мекафад ва рим мекунад.
6Рӯзҳои ман аз моку тезравтар аст,
ва бо ноумедӣ анҷом меёбад.
7Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст,
ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.
8Чашми касе ки маро дидааст, маро дигар нахоҳад дид;
чашмони Ту сӯи ман назар хоҳад кард, — ва дигар нахоҳам буд.
9Чунон ки абр пароканда шуда, нопадид мегардад,
ончунон касе ки ба гӯр фурӯ меравад, боло нахоҳад баромад,
10Ба хонаи худ дигар нахоҳад баргашт,
ва маконаш дигар ӯро нахоҳад шинохт.
11Ман низ даҳони худро нахоҳам боздошт,
аз тангии рӯҳи худ сухан хоҳам ронд,
аз талхии ҷони худ шиква хоҳам кард.
12Оё ман дарьё ҳастам, ё наҳанг,
ки бар ман посбон гузоштаӣ?
13Вақте ки мегӯям: „Ҷойхобам маро тасаллӣ хоҳад дод, ва бистарам андӯҳи маро хоҳад бардошт“, —
14Ту маро бо хобҳо метарсонӣ,
ва бо рӯъёҳо дар даҳшат меандозӣ,
15Ва он гоҳ ҷони ман хафақонро,
яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад.
16Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард;
маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.
17Чист инсон, ки ӯро писанд кунӣ,
ва ба ӯ диққат диҳӣ,
18Ва ҳар субҳ ӯро тафаққуд намоӣ,
ва ҳар лаҳза ӯро биозмоӣ?
19То ба кай аз ман рӯй намегардонӣ, маро вонамегузорӣ,
то ки оби даҳони худро фурӯ барам?
20Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам?
Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ,
ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?
21Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ,
ва аз гуноҳам намегузарӣ?
Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид,
ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».
Currently Selected:
Айюб 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.