Айюб 41
41
БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ
Давоми он.
1Инак, умеди дастгир кардани вай беасл аст;
фақат аз дидани вай, охир,
кас ба даҳшат хоҳад афтод.
2Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад;
пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?
3Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам?
Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.
4Дар бораи андоми вай хомӯш нахоҳам монд,
ва дар бораи иқтидор ва зебоии ҷуссаи вай.
5Кист, ки тавонад рӯи либоси варо яла кунад?
Кист, ки тавонад ба дандонҳои дуқатораи вай наздик ояд?
6Кист, ки тавонад дарҳои башараи варо воз кунад?
Доираи дандонҳои вай даҳшатангез аст.
7Сипарҳои қавии вай пур аз ифтихор аст;
бо мӯҳри сахте маҳкам карда шудааст;
8Бо якдигар тавре пайвастааст,
ки аз миёнашон ҳаво намегузарад;
9Ба ҳамдигар тавре часпида,
васл ёфтааст, ки ҷудо намешавад.
10Аз атсаҳои вай нур падид меояд,
ва чашмони вай мисли пилкҳои шафақи субҳ аст.
11Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд,
шарораҳои оташ мепарад.
12Аз сӯрохҳои бинии вай дуд мебарояд,
мисли деги ҷӯшон ва қамишҳои сӯзон.
13Нафаси вай ахгарҳоро дармегиронад,
ва аз даҳони вай аланга берун меояд.
14Бар гардани вай қувват ҷойгир шудааст,
ва даҳшат ба ҳузури вай мерақсад.
15Қурчҳои шиками вай маҳкам часпида,
бар вай сахт шудааст ва овезон намешавад.
16Дили вай мисли санг сахт аст,
ва мисли осиёсанги зерин ноҷунбон аст.
17Вақте ки вай бармехезад, паҳлавонон ба ҳарос меафтанд,
ва аз даҳшат дасту по гум мекунанд.
18Шамшере ки ба вай бизананд, истодагӣ нахоҳад кард,
ҳамчунин найза, мизроқ ва тир.
19Вай оҳанро мисли хасе медонад,
ва мисро мисли чӯби пӯсидае.
20Тири камон варо дар гурез намеоварад,
сангҳои фалахмон барои вай ба пари коҳ табдил меёбад.
21Гурз мисли пари коҳе ҳисоб меёбад;
ва ба савти найза вай механдад.
22Дар таҳти ҷисмаш пулакчаҳои мисли сафолпора тезе дорад,
гӯё ки ғаллакӯбаки тездандонро бар гил мегустаронад.
23Гирдобро мисли дег ба ҷӯш меоварад,
дарьёро ба потилаи дорупазӣ монанд мегардонад.
24Дар ақиби худ роҳи дурахшоне боқӣ мегузорад,
ба тавре ки варта ба назар сафедмӯй менамояд.
25Бар рӯи хок мислаш нест,
ки чунин нотарс офарида шуда бошад.
26Ба ҳар чизи олӣ нотарс менигарад:
вай бар ҳамаи даррандагон подшоҳ аст».
Currently Selected:
Айюб 41: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.