Айюб 40
40
БОБИ ЧИЛУМ
Давоми он.
1Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Канӣ, камари худро мисли мард бибанд:
Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.
3Оё ту мехоҳӣ доварии Маро ботил намоӣ,
Маро айбдор созӣ, то ки худро одил нишон диҳӣ?
4Ва оё ту бозуе мисли Худо дорӣ,
ва бо овозе мисли Ӯ метавонӣ гулдуррос занӣ?
5Пас, худро бо кибриё ва ҷалол оро бидеҳ,
ва пероҳани шукӯҳ ва шавкат бипӯш;
6Ғазаб ва хашми худро бирез,
ва ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро залил намо;
7Ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро мутеъ гардон,
ва шариронро дар маконашон поймол кун;
8Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо
ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.
9Он гоҳ Ман низ туро ҳамд хоҳам гуфт,
ки яминат метавонад туро мададгор шавад.
10Инак баҳимут, ки варо ба монанди ту офаридаам;
вай мисли гов алаф мехӯрад.
11Инак, қуввати вай дар камари вай аст,
ва тавоноии вай дар мушакҳои шикамаш.
12Думи худро мисли арз меҷунбонад;
рагҳои ронаш ба ҳам печидааст.
13Узвҳояш мисли қубурҳои мисин аст,
устухонҳояш мисли сихҳои оҳанин.
14Вай нахустини корҳои Худост;
фақат Офаридагори вай метавонад
шамшери Худро ба вай наздик оварад.
15Кӯҳҳо барои вай ғизо меоварад,
ва тамоми ҳайвоноти саҳро дар он ҷо бозӣ мекунанд.
16Зери буттаҳои нилуфар мехобад,
дар сояи наистон ва дар ботлоқ.
17Буттаҳои нилуфар варо бо сояи худ мепӯшонад,
бедҳои лаби наҳр варо иҳота мекунад.
18Инак, дарьё ба талотум меояд, аммо вай ҳаросон намешавад:
Урдун пеши даҳонаш ҷаста берун ояд ҳам, вай ором хоҳад буд.
19Оё варо касе дар пеши назари вай метавонад бигирад?
Ё бинии варо бо қуллоб сӯрох кунад?
20Оё ту метавонӣ аждарро бо шаст бикашӣ?
Ва забонашро бо арғамчин фишор диҳӣ?
21Оё ту метавонӣ аз бинии вай маҳор гузаронӣ?
Ва ҷоғи варо бо хоре шикоф кунӣ?
22Оё вай ба ту бисьёр зорӣ хоҳад кард?
Оё бо мулоимат ба ту сухан хоҳад ронд?
23Оё вай бо ту иттифоқ хоҳад баст?
Оё варо ба сурати абадӣ ба ғуломӣ хоҳӣ гирифт?
24Оё варо мисли гунҷишке бозӣ хоҳӣ доронд?
Ва барои канизони худ варо хоҳӣ баст?
25Оё аҳли сайд варо хоҳанд фурӯхт?
Оё варо дар миёни тоҷирони канъонӣ тақсим хоҳанд кард?
26Оё ту метавонӣ пӯсти варо бо найзаҳо сӯрох кунӣ,
ва сари варо бо сихи моҳигирон?
27Агар дасти худро ба вай бирасонӣ,
муборизаро дар ёд хоҳӣ дошт, ва дигар нахоҳӣ кард.
Currently Selected:
Айюб 40: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.