Bible App logo
Search Icon

Айюб 18

18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Нутқи дуюми Билдод.
Ӯ ногузир будани ҳалокати шариронро қайд менамояд.
1Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2«То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод?
Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.
3Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем
ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?
4Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ!
Наход ки барои ту замин хароб шавад,
ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
5Бо вуҷуди ин, нури шарирон хомӯш хоҳад шуд,
ва шарораи оташи онҳо рӯшноӣ нахоҳад дод.
6Дар хаймаи ӯ нур тира хоҳад гардид,
ва чароғаш бар ӯ хомӯш хоҳад шуд.
7Қадамҳои пурзӯри ӯ танг хоҳад шуд,
ва машвараташ ӯро вожгун хоҳад кард.
8Зеро ки бо пойҳояш дар дом хоҳад афтод,
ва бар рӯи тӯр роҳ хоҳад рафт.
9Тузоқ пошнаи ӯро хоҳад қапид,
ва қапқон ӯро сахт нигоҳ хоҳад дошт.
10Ҷела барояш бар замин ниҳон аст,
ва чапарак барояш дар сари роҳ.
11Аз ҳар тараф даҳшатҳо ӯро хоҳад тарсонид,
ва дар ҳар қадамаш ӯро таъқиб хоҳад кард.
12Насли ӯ гуруснагӣ хоҳад кашид,
ва ҳалокат барои афтодани ӯ тайёр аст;
13Андоми ҷисми ӯро хоҳад хӯрд:
нахустзодаи марг андоми ӯро хоҳад хӯрд.
14Аз хаймаи ӯ, ки паноҳгоҳи ӯст, ронда хоҳад шуд,
ва сӯи подшоҳи даҳшатҳо бурда хоҳад шуд.
15Дар хаймаи ӯ, ки дигар аз они ӯ набошад, даҳшатҳо сокин хоҳад шуд;
бар маскани ӯ кибрит боронида хоҳад шуд.
16Решаҳои ӯ аз зер хушк хоҳад шуд,
ва шоху барги ӯ аз боло бурида хоҳад шуд.
17Зикри ӯ аз замин маҳв хоҳад шуд,
ва номи ӯро бар рӯи саҳро касе нахоҳад хонд.
18Ӯро аз рӯшноӣ ба торикӣ хоҳанд ронд,
ва аз дуньё дур хоҳанд кард.
19Дар оилаи ӯ на аберае ӯро хоҳад буд ва на наберае;
ва дар иқоматгоҳҳои ӯ касе боқӣ нахоҳад монд.
20Аз рӯи ӯ ғарбиён ҳайрон хоҳанд монд,
ва шарқиён ба даҳшат хоҳанд афтод.
21Ба яқин чунин аст масканҳои каси ноинсоф,
ва ҳамин аст қисмати маконе ки Худоро намешиносад».

Currently Selected:

Айюб 18: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in