Айюб 17
17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Давоми нутқи Айюб.
1Рӯҳи ман пажмурда шудааст, рӯзҳои ман ба поён мерасад,
қабристон барои ман муҳайёст.
2Ба ростӣ, тамасхуркунандагон гирдогирди мананд,
ва чашми ман дар талхгӯиҳои онҳо сокин аст.
3Гарав гузошта, ба ҳузури Худ ба ман зомин шав!
Вагар на, кист, ки барои ман дасти паймон диҳад?
4Зеро ки дили онҳоро аз хирад ниҳон доштаӣ,
бинобар ин онҳоро баланд нахоҳӣ бардошт.
5Касе ки ёронашро ба сони нахҷир таслим мекунад,
чашмони бачагонаш сиёҳ меравад.
6Худо маро вирди забони мардум гардондааст,
ва ман касе шудаам, ки ҳама ба рӯяш туф мекунанд.
7Ва чашми ман аз ғусса хаста шудааст,
ва тамоми андомам мисли соя гардидааст.
8Росткорон дар ин бора мутаҳайир хоҳанд шуд,
ва бегуноҳ бар риёкор ба ғазаб хоҳад омад.
9Вале одил дар роҳи худ устувор хоҳад буд,
ва каси покизадаст боз ҳам қавӣ хоҳад шуд.
10Валекин ҳамаатон метавонед бозгашта биёед,
ва дар миёни шумо хирадманде нахоҳам ёфт.
11Рӯзҳоям гузаштааст, андешаҳоям, — орзуҳои дилам, —
барбод рафтааст.
12Шабро мехоҳанд ба рӯз мубаддал кунанд,
нурро ба торикӣ наздик оваранд.
13Агар умед кунам, ки дӯзах хонаи ман аст,
ва дар торикӣ бистари худро андозам,
14Агар ба гӯр гӯям: „Ту падари ман ҳастӣ“,
ва ба кирм гӯям: „Ту модар ва хоҳари ман ҳастӣ“, —
15Пас, умеди ман куҷост?
Ва кист, ки умеди маро дида бошад?
16Он ба дарвозаи дӯзах фурӯ хоҳад рафт,
вақте ки якҷоя дар хок фурӯд оем».
Currently Selected:
Айюб 17: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.