Bible App logo
Search Icon

Айюб 19

19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Ҷавоби панҷуми Айюб; бузургии имони ӯ.
1Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2«То ба кай ҷони маро андӯҳгин мекунед?
Ва маро бо суханон озор медиҳед?
3Ин даҳ маротиба аст, ки маро маломат менамоед,
ва шарм надошта, ба ман дуруштӣ мекунед.
4Ва агар ҳақиқатан ғалат карда бошам,
ғалатам бо ман мондааст.
5Агар ҳақиқатан бар ман такаббур карданӣ ва нанги маро ба ман нишон доданӣ бошед,
6Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.
7Инак, аз дасти зулм фарьёд мекашам, ва мустаҷоб намешавам;
истиғоса мебарам, ва инсофе нест.
8Роҳи маро тавора кашидааст, ва ман наметавонам гузарам;
ва бар тариқҳои ман торикӣ афкандааст.
9Ҷалоли маро аз ман кашида гирифтааст,
ва тоҷи сари маро дур кардааст.
10Маро гирдогирд хароб кардааст, ва ман талаф мешавам;
ва умеди маро, мисли дарахте, решакан кардааст.
11Ғазаби Худро бар ман афрӯхтааст,
ва маро душмани Худ ҳисоб кардааст.
12Фавҷҳои Ӯ якҷоя меоянд,
ва роҳи худро сӯи ман кушодаанд,
ва гирдогирди хаймаи ман ҷойгир шудаанд.
13Бародаронамро аз ман дур кардааст,
ва ошноҳоям аз ман тамоман бегона шудаанд.
14Ақрабоям маро тарк намудаанд,
ва ошноҳоям маро фаромӯш кардаанд.
15Меҳмонони хонаам ва канизонам маро бегона ҳисоб мекунанд:
дар назари онҳо одами ғайр шудаам.
16Ғуломи худро мехонам, ва ҷавоб намедиҳад,
агарчи бо даҳони худ ӯро тазаррӯъ менамоям.
17Нафаси ман барои занам нафратангез шудааст,
ва тазаррӯи ман барои бародаронам.
18Бачаҳои кӯча низ аз ман нафрат доранд;
Вақте ки мехезам, маро таҳқир мекунанд.
19Ҳамаи маҳрамони розам аз ман безор шудаанд,
ва онҳое ки дӯст медоштам, ба ман зид шудаанд.
20Устухонам ба пӯсти баданам часпидааст,
ва фақат бо вораи дандонҳоям мондаам.
21Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам!
Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.
22Чаро мисли Худо маро таъқиб мекунед
ва аз гӯшти ман сер намешавед?
23Кошки суханонам навишта мешуд!
Кошки дар китобе дарҷ меёфт!
24Кошки бо қалами оҳанин
ва қалъагӣ бар кӯҳпорае ба сурати абадӣ канда мешуд!
25Ва ман медонам, ки фидиягузори ман зинда аст,
ва дар замони охир бар замин қиём хоҳад кард.
26Вале агарчи пӯсти ман пӯсида гардад,
ман дар ҷисми худ Худоро мебинам.
27Ӯро ман барои худ мебинам,
ва чашмонам ба Ӯ менигарад, ва на чашми бегонае;
гурдаҳоям андаруни ман талаф шудааст.
28Аммо агар бигӯед, ки „чӣ сон ӯро таъқиб кунем?“,
ва қарор диҳед, ки решаи бадӣ дар ман аст, —
29Пас, шумо аз шамшер тарсон бошед,
зеро ки зарбаҳои шамшер хашмовар аст,
то бидонед, ки доварӣ ҳаст».

Currently Selected:

Айюб 19: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in