Айюб 16
16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Ҷавоби чоруми Айюб. Ӯ ба Худо аз дӯстони худ, ки дар иштибоҳ афтодаанд, шикоят мекунад.
1Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам;
ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед.
3Оё суханони пуч хотима хоҳад ёфт?
Ва чист, ки туро ба ҷавоб гардондан водор менамояд?
4Ман низ мисли шумо сухан мерондам,
агар ҷони шумо ба ҷои ҷони ман мебуд;
барои шумо суханон иншо мекардам,
ва сари худро ба шумо меҷунбондам;
5Бо даҳони худ шуморо далер менамудам,
ва тасаллии лабҳоям дарди шуморо сабук мекард.
6Агар сухан ронам, дардам сабук намешавад,
ва агар хомӯш монам, чӣ дарде аз ман дур мешавад?
7Аммо акнун Ӯ маро бетоқат кардааст.
Тамоми хонадони маро Ту маҳв намудаӣ,
8Ва ҷисми маро пурчин кардаӣ,
ки ин бар зидди ман шоҳид шудааст;
ва лоғарии ман бар ман қиём намуда,
дар пеши ман гувоҳӣ медиҳад.
9Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад;
дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад.
Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.
10Мардон даҳони худро бар ман воз кардаанд,
бо суханони нангин рухсорҳоямро мезананд;
бар қасди ман забон як кардаанд.
11Худо маро ба ноинсофон таслим намудааст,
ва ба дасти шарирон маро супурдааст.
12Ором будам, ва Ӯ маро пора‐пора кардааст,
ва аз гарданам дошта, маро шикастааст,
ва маро барои Худ ҳадаф қарор додааст.
13Камонандозони Ӯ маро иҳота кардаанд.
Гурдаҳоямро реш мекунанд, ва раҳмаш намеояд;
заҳраи маро бар замин мерезад;
14Маро рахна бар рахна мекушояд,
мисли баҳодуре бар ман тохт меоварад.
15Бар пӯсти худ палос дӯхтаам,
ва шохи худро дар хок гузоштаам.
16Рӯи ман аз гирья суп‐сурх шудааст,
ва бар мижгони ман зулмот аст,
17Гарчанде ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест,
ва дуои ман нок аст.
18Эй замин! Хуни маро рӯпӯш накун,
ва бигзор дар умқи ту барои фиғони ман ҷое набошад.
19Инак, алҳол низ Гувоҳи ман дар осмон аст,
ва Шоҳиди ман дар арши аъло!
20Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам!
Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад,
21То ки Ӯ байни мард ва Худо доварӣ намояд,
чунон ки байни одамизод ва ёри вай аст.
22Зеро ки солҳои андак ба охир мерасад,
ва ман ба роҳи бебозгашт хоҳам рафт.
Currently Selected:
Айюб 16: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.