Bible App logo
Search Icon

Айюб 15

15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Нутқи дуюми Алифоз. Ӯ бартарии Айюбро аз ҷиҳати дониш ва таҷриба эътироф намекунад.
1Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Оё хирадманд бо дониши пуч ҷавоб медиҳад?
Ва батни худро аз боди самум пур мекунад?
3Оё бо гапи номуносиб исбот менамояд?
Ва бо суханоне ки аз онҳо ҳеҷ фоидае нест?
4Лекин ту худотарсиро поймол намудаӣ,
ва илтиҷоро ба ҳузури Худо кам кардаӣ,
5Зеро ки гуноҳи ту даҳони туро ром намудааст,
ва ту забони ҳилагаронро хуш кардаӣ.
6Туро даҳонат айбдор мекунад, ва на ман;
ва лабҳоят ба зидди ту далолат менамояд.
7Оё дар насли одамизод ту аввалин таваллуд ёфтаӣ?
Ва ё пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаӣ?
8Оё рози Худоро шунидаӣ?
Ва ҳикматро сӯи худ ҷалб намудаӣ?
9Чӣ медонӣ, ки онро мо надонем?
Чӣ мефаҳмӣ, ки он назди мо набошад?
10Ҳам мӯйсафед ва ҳам пиронсол дар байни мо ҳастанд,
ки умрашон аз умри падари ту бузургтар аст.
11Оё тасаллиҳои Худо барои ту кам аст?
Ва сухане ки бо мулоимат ба ту гуфта мешавад?
12Чаро дилат туро боло гирифтааст?
Ва чаро чашмонат аз хашм барқ мезанад?
13Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ,
ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.
14Инсон чист, ки пок бошад?
Ва оё зодаи зан одил мешавад?
15Инак, Ӯ ба муқаддасони Худ эътимод надорад,
ва осмон дар назараш пок нест,
16Алалхусус одамизод зишт ва фосид аст,
ки ноинсофиро мисли об менӯшад.
17Фикри худро ба ту изҳор менамоям, маро бишнав;
ва он чи дидаам, ҳикоят мекунам,
18Ки хирадмандон онро аз падарони худ ривоят кардаанд
ва пинҳон надоштаанд,
19Ки танҳо ба онҳо ин замин дода шуда буд,
ва аз миёни онҳо бегонае нагузашта буд.
20Шарир дар тамоми рӯзҳои худ гирифтори сӯзу гудоз аст,
ва солҳои башумор барои ситамгар таъин шудааст.
21Садои даҳшатҳо дар гӯшҳои ӯст;
дар ҳини осоиштагӣ тороҷгар ба сараш меояд;
22Боварӣ надорад, ки аз торикӣ раҳо хоҳад шуд,
ва ба гумонаш шамшер ӯро дар камин аст;
23Барои порчаи ноне дарбадар гашта, мепурсад: „Куҷост?“
Медонад, ки назди ӯ рӯзи торикӣ муҳайёст.
24Тангӣ ва мӯҳтоҷӣ ӯро дар даҳшат меандозад,
мисли подшоҳе ки ба ҷанг тайёр шуда бошад,
ӯро мағлуб месозад,
25Зеро ки ӯ ба Худо дасти тааддӣ дароз кардааст
ва ба Қодир густохӣ намудааст,
26Гардандарозӣ карда, дар таҳти ҳалқаҳои
ғафси ҷавшани худ бар Ӯ тохт овардааст,
27Чунки рӯи худро бо фарбеҳии худ пӯшондааст,
ва камараш қабат‐қабат чарбу бастааст;
28Ва дар шаҳрҳои вайрон сокин хоҳад шуд,
дар хонаҳои ғайримаскуне
ки ба харобӣ маҳкум гардидааст.
29Ӯ бой нахоҳад шуд, ва сарваташ қоим нахоҳад монд,
ва молу мулкаш бар замин афзоиш нахоҳад ёфт;
30Аз торикӣ халос нахоҳад шуд;
ниҳолашро аланга хушк хоҳад кард,
ва аз нафаси даҳони Ӯ нобуд хоҳад шуд.
31Бигзор ин одами гумроҳ ба батолат бовар накунад,
зеро ки батолат мукофоти ӯ хоҳад шуд;
32Пеш аз расидани рӯзаш фано хоҳад шуд,
ва шоху баргаш сабзу хуррам нахоҳад буд;
33Мисли ток ғӯраи худро хоҳад рехт,
ва мисли зайтун муғҷаи худро хоҳад партофт;
34Зеро ки хонадони риёкор гирифтори бекасӣ хоҳад шуд,
ва аҳли байти ришвахӯрро оташ маҳв хоҳад кард.
35Онҳое ки ба хабосат ҳомила мешаванд, бадиро мезоянд,
ва батнашон макрро тайёр мекунад».

Currently Selected:

Айюб 15: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in