Айюб 14
14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Давоми он.
1Одамизод, ки аз зан зоида мешавад,
рӯзҳояш кам ва азобаш бисьёр аст:
2Мисли гул месабзад ва пажмурда мешавад,
ва мисли соя мегурезад ва боқӣ намемонад.
3Оё бар чунин махлуқе чашмони Худро менигаронӣ,
ва маро бо Худ ба мурофиа мебарӣ?
4Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад?
Як нафар ҳам нест.
5Агар рӯзҳои вай муайян
ва шумораи моҳҳои вай назди Ту бошад,
ва ҳадде барояш гузошта бошӣ, ки аз он наметавонад бигзарад, —
6Аз вай рӯй гардон, то ки дам гирад
ва рӯзашро мисли муздуре ба анҷом расонад.
7Яқинан барои дарахт умеде ҳаст:
агар бурида шавад, боз хоҳад сабзид,
ва навдаи он барҳам нахоҳад хӯрд;
8Агар решаи он дар замин пир шуда,
кундаи он дар хок бимирад,
9Ҳамин ки бӯи об ба он бирасад, нашъунамо хоҳад ёфт,
ва мисли ниҳоле ки нав шинонда шуда бошад, шохаҳо хоҳад расонид.
10Валекин мард мемирад, — ва фано мешавад,
ва одам ҷон медиҳад, — ва куҷост ӯ?
11Чунон ки обҳо аз дарьё меравад,
ва наҳр бе об монда, хушк мешавад,
12Ончунон одамизод хобида, дигар намехезад;
то даме ки осмон фано нашавад,
бедор нахоҳанд шуд, ва аз хобашон сар нахоҳанд бардошт.
13Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ,
то вақти фурӯ нишастани ғазабат пинҳон медоштӣ ва бароям мӯҳлате муайян намуда,
пас аз он маро ба ёд меовардӣ!
14Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?
Дар тамоми рӯзҳои замони муайяни худ умедвор мешудам,
то даме ки табдили ман фаро расад.
15Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам;
иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ,
16Зеро ки он гоҳ қадамҳои маро дар шумор меовардӣ,
ва хатои маро намепоидӣ;
17Ҷинояти ман дар лӯлае сар ба мӯҳр мебуд,
ва гуноҳи маро рӯпӯш мекардӣ.
18Валекин, чунон ки кӯҳ афтода, гард‐гард мешавад,
ва сахра аз ҷои худ меҷунбад;
19Об сангҳоро месояд,
ҷараёнҳояш хоки заминро шуста мебарад,
ончунон Ту умеди инсонро несту нобуд мекунӣ.
20Ӯро ба сурати абадӣ мағлуб менамоӣ, ва меравад;
рӯи ӯро дигаргун месозӣ, ва ӯро мефиристонӣ.
21Писаронаш бой мешаванд, ва ӯ намедонад;
ва ё ба залолат меафтанд, ва ӯ вазъияти онҳоро пайхас намекунад.
22Аммо ҷисми ӯ бар ӯ дард мекунад,
ва ҷони ӯ андаруни ӯ мотам мегирад».
Currently Selected:
Айюб 14: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.