Айюб 13
13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Давоми нутқи Айюб.
1Инак, ҳамаашро чашми ман дидааст,
ва гӯши ман шунида, дарк намудааст.
2Он қадар, ки шумо медонед, ман низ медонам;
аз шумо камтар нестам.
3Аммо ман мехоҳам ба Қодир сухан ронам,
ва орзу дорам ба Худо исбот намоям.
4Валекин шумо дурӯғ мебофед,
ҳамаатон табибони афсунгар ҳастед.
5Кошки тамоман хомӯш менишастед!
Ин барои шумо ҳикмат ҳисоб меёфт.
6Пас, мазаммати маро бишнавед,
ва ба эродҳои лабҳоям гӯш андозед.
7Оё ба хотири Худо ноинсофона сухан меронед?
Ва аз барои Ӯ фиребгарона гап мезанед?
8Оё ба Ӯ рӯйбинӣ мекунед?
Оё барои Худо муддаӣ мешавед?
9Оё хуб мешавад, ки Ӯ шуморо таҳқиқ намояд?
Оё Ӯро фиреб мекунед, чунон ки инсонро фиреб мекунанд?
10Шуморо сахт ҷазо хоҳад дод,
агар рустӣ рӯйбинӣ кунед.
11Кибриёи Ӯ, охир, шуморо дар даҳшат хоҳад андохт,
ва тарси Ӯ шуморо фаро хоҳад гирифт.
12Ёдовариҳои шумо мисли хокистар аст;
ҳисорҳои шумо ҳисорҳои гилин аст.
13Назди ман хомӯш бошед, ва ман сухан хоҳам ронд,
ва ҳар чи бар сарам ояд — ояд.
14Барои чӣ гӯшти худро бо дандони худ бигазам
ва ҷони худро ба кафи худ бигирам?
15Инак, маро қатл кунад ҳам,
ба Ӯ умед хоҳам баст,
аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
16Ин низ барои ман наҷот хоҳад буд,
зеро ки риёкор ба хузури Ӯ нахоҳад омад.
17Сухани маро бодиққат бишнавед,
ва фикри ман ба гӯшҳотон хоҳад расид.
18Инак, ба мурофиа оғоз намудаам;
медонам, ки сафед хоҳам шуд.
19Кист, ки тавонад ба ман мухолифат кунад?
Дар он сурат ҳоло хомӯш шуда, ҷон медодам.
20Фақат ду чизро ба ман накун,
он гоҳ аз ҳузури Ту пинҳон нахоҳам шуд:
21Дасти Худро аз ман дур кун,
ва бигзор бими Ту маро дар даҳшат наандозад.
22Ва даъват намо, ва ман ҷавоб хоҳам дод,
ё ки сухан ронам, ва ба ман ҷавоб гардон.
23Гуноҳҳо ва хатоҳои ман чӣ қадар аст?
Ҷиноят ва хатои маро ба ман маълум намо.
24Чаро рӯи Худро пинҳон медорӣ,
ва маро душмани Худ ҳисоб мекунӣ?
25Оё барги пажмурдаро ба ҳарос меандозӣ,
ва хаси хушкидаро таъқиб менамоӣ?
26Зеро ки талхиҳоро бар ман менависӣ,
ва хатоҳои ҷавониамро ба ман нисбат медиҳӣ,
27Ва пойҳои маро дар ишкел меандозӣ,
ва ҳамаи роҳҳои маро мепоӣ —
кафи пойҳои маро пайгирӣ мекунӣ.
28Ва ин бечора мисли чизи пӯсида аз ҳам ҷудо мешавад,
мисли либосе ки куя зада бошад.
Currently Selected:
Айюб 13: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.