Айюб 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Айюб ба ҳар сеи онҳо ҷавоб мегардонад;
ӯ ҳикмати худбоваронаи онҳоро рад мекунад.
1Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Яқин аст, ки шумо гузини қавм ҳастед,
ва ҳикмат бо шумо хоҳад мурд.
3Ман низ мисли шумо соҳибдил ҳастам;
аз шумо камтар нестам;
ва кист, ки чунин чизҳоро надонад?
4Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, —
агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, —
оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.
5Ба фикри лоубол, тамасхур барои мусибатзада аст,
ва зарба барои касонест, ки пояшон лағҷидааст.
6Хаймаҳои тороҷгарон ором аст,
ва онҳое ки Худоро ба ғазаб меоваранд, дар амният мебошанд,
ки ҳар яке худои худро дар дасти худ доранд.
7Валекин аз чорпоён бипурс, ва туро таълим хоҳанд дод,
ва аз мурғони ҳаво бипурс, ва ба ту хабар хоҳанд дод;
8Ё бо замин мусоҳиба намо, ва туро таълим хоҳад дод,
ва моҳиёни баҳр ба ту ҳикоят хоҳанд кард.
9Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад,
ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст?
10Ҷони тамоми мавҷудот
ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти Ӯст.
11Оё гӯш суханонро намесанҷад,
чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад?
12Ҳикмат дар пирон аст,
ва хирад дар умри дароз.
13Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст,
машварат ва хирад аз они Ӯст.
14Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт;
касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.
15Инак, обҳоро бозмедорад, ва хушк мешаванд,
ва онҳоро сар медиҳад, ва заминро чаппаву роста мекунанд.
16Қудрат ва ҳикмат аз они Ӯст,
ғалаткунанда ва чапғалатдиҳанда назди Ӯст.
17Ӯ мушовиронро бемулоҳиза мегардонад,
ва доваронро саргаранг мекунад;
18Бандҳои подшоҳонро мекушояд,
ва бар камарҳошон миёнбанд мебандад;
19Коҳинонро урьён мегардонад,
ва зӯроваронро вожгун мекунад;
20Суханваронро аз забон маҳрум менамояд,
ва зеҳни пиронро мерабояд;
21Забуниро бар мирон фурӯ мерезад,
ва камарбанди тавонгаронро суст мекунад;
22Умқҳоро аз даруни торикӣ ошкор месозад,
ва зулмотро ба рӯшноӣ мебарорад;
23Халқҳоро афзун мегардонад, ва онҳоро маҳв менамояд;
халқҳоро вусъат медиҳад, ва онҳоро тарк мекунад;
24Сарварони қавми заминро аз ақл маҳрум менамояд,
ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад:
25Дар торикӣ даст‐дасткунон роҳ мераванд,
ва рӯшноӣ нест;
ва онҳоро мисли мастон сарсону саргардон мекунад.
Currently Selected:
Айюб 12: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.