Bible App logo
Search Icon

Айюб 11

11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Нутқи якуми Сӯфор.
Ӯ Айюбро дурӯғгӯй ва риёкор мешуморад.
1Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Оё ба суханони бисьёр ҷавоб додан мумкин нест?
Ва оё ҳақ ба ҷониби марди сухандон аст?
3Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад,
ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?
4Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст,
ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.
5Валекин кошки Худо сухан биронад,
ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
6Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад,
зеро ки асли моҳияти он дучандон аст!
Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.
7Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарьёбӣ?
Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?
8Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ?
Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?
9Андозаи он аз замин дарозтар
ва аз баҳр фарохтар аст.
10Агар Ӯ бодвор гузашта равад, ва касеро бандӣ кунад,
ва мардумро барои ҷазои вай ҷамъ оварад, — кист, ки Ӯро боздорад?
11Зеро ки Ӯ риёкоронро медонад,
ва чун талбисро мебинад, оё ба он диққат намекунад?
12Ва шахси ҷоҳил соҳибдил хоҳад шуд,
ва мисли харкурраи ваҳшӣ бошад ҳам, одами дуруст хоҳад гардид.
13Агар ту дили худро рост кунӣ,
ва дастҳои худро сӯи Ӯ дароз кунӣ,
14Агар ҷафоеро, ки дар дасти туст, дур кунӣ,
ва ноинсофиро дар хаймаҳои худ ҷойгир накунӣ,
15Яқин аст, ки он гоҳ чеҳраи худро хоҳӣ бардошт, бе он ки айбе дошта бошӣ,
ва матин хоҳӣ буд ва нахоҳӣ тарсид.
16Зеро ки ту азияти худро фаромӯш хоҳӣ кард,
онро мисли обе ки гузашта рафтааст, ба ёд хоҳӣ овард.
17Ва умри ту аз пешингоҳ равшантар хоҳад шуд;
баъзан тира шавад ҳам, мисли субҳ хоҳад гардид.
18Ва дилпур хоҳӣ буд, зеро ки умеде ҳаст,
ва гирду пешро аз назар гузаронда, дилпурона хоҳӣ хобид.
19Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид,
ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.
20Вале чашмони шарирон хира хоҳад шуд,
ва паноҳгоҳ аз онҳо дур хоҳад шуд,
ва умедашон фақат ҷон додан аст».

Currently Selected:

Айюб 11: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in