YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 7

7
БОБИ ҲАФТУМ
Калом назди дарвозаи хонаи Худованд.
1Каломе ки аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
2«Назди дарвозаи хонаи Худованд биист ва дар он ҷо ин каломро эълон намуда, бигӯй: эй ҳамаи яҳудиёне ки ба ин дарвоза дохил мешавед, то ки ба Худованд саҷда намоед, каломи Худовандро бишнавед!
3Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед, ва Ман шуморо дар ин макон сокин хоҳам гардонид.
4Ба суханони дурӯғи онҳое ки „ин маъбади Худованд, маъбади Худованд, маъбади Худованд“ мегӯянд, таваккал накунед,
5Балки агар роҳҳои худ ва аъмоли худро ҳақиқатан ислоҳ намоед, агар дар миёни касе ва ёри вай инсофро дуруст ба амал оваред,
6Ғариб, ятим ва бевазанро ба танг наоваред, ва хуни бегуноҳеро дар ин макон нарезед, ва худоёни бегонаро ба зарари худ пайравӣ накунед, —
7Он гоҳ шуморо дар ин макон, дар замине ки ба падаронатон аз азал то абад бахшидаам, сокин хоҳам гардонид.
8Инак, шумо ба суханони дурӯғе ки манфиате намебахшад, таваккал мекунед.
9Оё равост, ки шумо ба дуздӣ, қатл ва зино машғулед, ва қасами дурӯғ мехӯред, ва барои Баал бухур месӯзонед, ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, пайравӣ менамоед,
10Баъд аз ин омада, ба ҳузури Ман дар ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, биистед ва бигӯед: „Мо наҷот ёфтем!“, то ки ҳамаи ин корҳои зиштро боз ба амал оваред?
11Оё ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, дар назари шумо ба дуздхона табдил ёфтааст? Инак, Ман низ инро дидаам, — мегӯяд Худованд.
12Пас, ба макони Ман, ки дар Шилӯ буд, ва исми Худро аввал дар он ҷо сокин гардонида будам, биравед ва он чиро, ки ба сабаби шарорати қавми Ман — Исроил ба он кардаам, бубинед.
13Ва алҳол, аз барои он ки шумо тамоми ин аъмолро ба ҷо овардед, — мегӯяд Худованд, — ва Ман ҳар рӯз аз субҳидам ба шумо сухан рондам, вале гӯш накардед, ва шуморо хондам, вале ҷавоб надодед, —
14Ба ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, ва шумо ба он таваккал менамоед, ва ба маконе ки ба шумо ва падарони шумо бахшидаам, ончунон ки ба Шилӯ амал кардам, амал хоҳам кард.
15Ва шуморо аз ҳузури Худ хоҳам ронд, ончунон ки ҳамаи бародарони шуморо, тамоми насли Эфроимро рондам.
16Ва ту барои ин қавм дуо нагӯй, ва барои онҳо овози тазаррӯъ ва истиғоса баланд накун, ва назди Ман шафоат нанамо, зеро ки Ман туро иҷобат нахоҳам кард.
17Оё ту намебинӣ, ки онҳо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим чӣ корҳо мекунанд?
18Писарон ҳезум ҷамъ меоваранд, ва падарон оташ дармедиҳанд, ва занон хамир мекунанд, то ки санбӯсаҳо барои маликаи осмон бипазанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни дигар рехта, Маро хашмгин созанд.
19Оё онҳо Маро хашмгин месозанд? — мегӯяд Худованд. — Не, балки худашонро, то ки рӯйҳои худро нангин созанд.
20Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак, хашми Ман ва ғазаби Ман бар ин макон, бар одам ва бар ҳайвон, ва бар дарахти саҳро ва бар меваи замин рехта мешавад, ва он хоҳад сӯхт ва хомӯш нахоҳад шуд».
21Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Курбониҳои сӯхтании худро бар забҳҳои худ илова намоед ва гӯшт бихӯред;
22Зеро ки ба падарони шумо, дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср берун овардам, дар бораи қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо сухан нагуфтаам ва амр нафармудаам,
23Балки ба онҳо чунин амр фармуда, гуфтаам: „Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд; ва ба ҳар роҳе ки ба шумо амр фармоям, биравед, то ки барои шумо хуб бошад“.
24Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки бар тибқи машваратҳо ва саркашии дили шарири худ рафтор карданд, ва ба қафо рӯ оварданд, на ин ки ба пеш,
25Аз ҳамон рӯзе ки падарони шумо аз замини Миср берун омаданд, то худи имрӯз; ва Ман ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, — ҳар рӯз аз субҳидам равона намудам,
26Вале онҳо Маро нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, ва гардани худро сахт карда, аз падарони худ бадтар рафтор карданд.
27Ту низ ҳамаи ин суханонро ба онҳо бигӯй, гарчанде ки туро нахоҳанд шунид; ва онҳоро бихон, гарчанде ки ба ту ҷавоб нахоҳанд дод.
28Ва ба онҳо бигӯй: „Инҳо халқе ҳастанд, ки овози Худованд Худои худро намешунаванд ва панд намегиранд; ростӣ барбод рафта, аз даҳонашон нест шудааст.
29Мӯйсари худро тарошида, бипарто,
ва бар теппаҳо навҳа бизан,
чунки Худованд аз насле ки Ӯро ба ғазаб овард,
нафрат намуда, онро тарк кардааст“.
30Зеро ки банӣ‐Яҳудо он чиро, ки дар назари Ман бад аст, ба амал оварданд, — мегӯяд Худованд, — ва чизҳои зишти худро дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, гузоштанд, то ки онро палид кунанд;
31Ва минбарҳои Тӯфетро, ки дар водии Бен‐Ҳиннӯм воқеъ аст, бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.
32Бинобар ин, — мегӯяд Худованд, — инак, айёме фаро мерасад, ки он дигар Тӯфет ва водии Бен‐Ҳиннӯм гуфта нахоҳад шуд, балки водии қатл; ва ба сабаби камии ҷой дар Тӯфет дафн хоҳанд кард.
33Ва ҷасадҳои мурдаи ин қавм хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд, ва касе набошад, ки онҳоро гурезонад.
34Ва Ман аз шаҳрҳои Яҳудо ва аз кӯчаҳои Ерусалим садои шодмонӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро нест хоҳам кард, зеро ки ин замин биёбон хоҳад шуд».

Currently Selected:

Ирмиё 7: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 7