Зеро ки ба падарони шумо, дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср берун овардам, дар бораи қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо сухан нагуфтаам ва амр нафармудаам,
Балки ба онҳо чунин амр фармуда, гуфтаам: „Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд; ва ба ҳар роҳе ки ба шумо амр фармоям, биравед, то ки барои шумо хуб бошад“.