Ирмиё 6
6
БОБИ ШАШУМ
Давоми он.
1Эй банӣ‐Биньёмин! Аз даруни Ерусалим бигрезед,
ва дар Тақӯо шох навозед,
ва бар Байт‐Ҳакерем аломате бо оташ баланд кунед,
зеро ки мусибате аз ҷониби шимол
ва таҳлукаи бузурге падид меояд.
2Ман духтари Сионро, ки ҷамил ва латиф мепиндоштам, нобуд хоҳам кард.
3Чӯпонон бо рамаҳои худ назди вай хоҳанд омад,
гирдогирди вай хаймаҳо хоҳанд барафрошт,
ҳар яке дар қитъаи худ хоҳанд чаронид.
4«Барои ҷанг ба муқобили вай омода шавед!» —
«Бархезед, то ки дар нимирӯзӣ бароем!» —
«Вой бар мо, ки рӯз ба охир расида, сояҳои шом дароз мешавад!»
5«Бархезед, то ки шабона баромада,
қасрҳояшро несту нобуд кунем!»
6Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Дарахтонро бурида, хокрезе бар зидди Ерусалим барпо кунед:
ин шаҳр бояд ба ҷазо гирифтор шавад,
чунки саросар пур аз зулм аст.
7Чунон ки чашма обҳояшро беист ҷорӣ менамояд,
ончунон вай шарорати худро торафт меафзояд:
ситам ва тороҷ андаруни вай шунида мешавад,
ҷароҳат ва шаллоқ ҳамеша пеши назари Ман аст.
8Ба ақл ой, эй Ерусалим,
мабодо ҷони Ман аз ту дур шавад,
мабодо туро биёбоне, замини ғайримаскуне гардонам».
9Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Бақияи Исроилро мисли шингилҳои боқимондаи ток хоҳанд чид:
дасти худро мисли ангурчин ба шингилҳо дароз кун».
10Ба киҳо сухан гӯям
ва киҳоро таъкид намоям, то ки бишнаванд?
Инак, гӯши онҳо номахтун аст,
ва наметавонанд бишнаванд;
инак, каломи Худованд барои онҳо нангин гардидааст,
ва онро толиб нестанд.
11Ва ман аз ғазаби Худованд пур шудаам,
ва аз нигоҳ доштани он лакот гардидаам.
«Пас, онро дар кӯча бар кӯдакон
ва бар маҷлиси ҷавонон якбора бирез;
мард бо зан низ гирифтор хоҳанд шуд,
ва мӯйсафед бо шахси солхӯрда.
12Ва хонаҳои онҳо, бо якҷоягии киштзорҳо ва занонашон,
насиби дигарон хоҳанд шуд,
чунки Ман дасти Худро ба муқобили сокинони ин замин дароз хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.
13«Зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон,
ба тамаъкорӣ дода шудаанд,
ва аз набӣ гирифта то коҳин,
саросар козибона рафтор мекунанд.
14Ва марази духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода,
„Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!“ мегӯянд,
вале осоиштагӣ нест.
15Оё онҳо шарм медоранд,
вақте ки корҳои зишт мекунанд?
Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд;
бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод,
ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям,
пешпо хоҳанд хӯрд», — мегӯяд Худованд.
16Худованд чунин мегӯяд:
«Дар роҳҳо биистед ва назар андозед,
ва дар бораи тариқҳои қадимӣ бипурсед,
ки роҳи нек кадом аст,
ва бо он биравед,
ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт.
Вале онҳо гуфтанд: „Нахоҳем рафт“.
17Ва Ман бар шумо посбононро гузоштам:
„Ба садои шох гӯш диҳед!“
Вале онҳо гуфтанд: „Гӯш нахоҳем дод“.
18Бинобар ин, эй халқҳо, бишнавед,
ва эй ҷамоат, бидонед, ки чиҳо ба онҳо рӯй хоҳад дод.
19Бишнав, эй замин! Инак, Ман мусибате бар ин қавм меоварам,
ки самари афкори онҳост;
зеро ки онҳо ба суханони Ман гӯш надоданд,
ва шариати Маро рад карданд.
20Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад,
ба Ман чӣ лозим аст?
Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест,
ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.
21Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:
„Инак, Ман пеши ин қавм монеаҳо мегузорам,
ва падарону писарон якҷоя,
ҳамсоя ва ёри вай пешпо хӯрда, талаф хоҳанд шуд“».
22Худованд чунин мегӯяд:
«Инак, қавме аз замини шимол меоянд,
ва халқи бузурге аз ақсои замин бармехезанд.
23Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд;
сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд;
овозашон мисли баҳр мехурӯшад,
ва бар аспон савор мешаванд;
чун як тан барои ҷанг ба зидди ту,
эй духтари Сион, саф бастаанд».
24Овозаи варо шунидем, ва дастҳои мо суст шуд:
азоб ва дард моро, мисли зане ки мезояд,
дар бар гирифт.
25Ба саҳро набароед, ва дар роҳ равона нашавед,
зеро ки шамшери душман ва даҳшат
аз ҳар тараф аст.
26Эй духтари қавми ман!
Палос бипӯш ва хокистар бар худ бипош;
мисли зане ки писари ягонааш мурда бошад,
мотам бигир ва зор‐зор гирья бикун,
зеро ки тороҷгар ногаҳон бар мо меояд.
27«Туро дар миёни қавми Худ имтиҳонкунанда
ва заршинос қарор додаам,
то ки роҳи онҳоро бидонӣ ва имтиҳон намоӣ.
28Ҳамаашон муртадҳои гузаро ҳастанд,
ва бӯҳтон зада мегарданд;
онҳо мис ва оҳан мебошанд,
ва ҳамаашон фасодпешаанд.
29Дами заргарӣ нимсӯхта шуд; сурб дар оташ фано шуд;
заргар бар абас гудохт, чунки шарирон ҷудо нашуданд.
30Онҳоро нуқраи мардуд меноманд,
зеро ки Худованд онҳоро рад намудааст».
Currently Selected:
Ирмиё 6: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.