Ирмиё 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Ирмиё гуноҳҳои қавмро фош намуда,
доварии Худоро пешгӯӣ мекунад.
1«Дар кӯчаҳои Ерусалим гардиш кунед,
ва бубинед, ва бифаҳмед, ва дар майдонҳояш биҷӯед,
ки оё касеро, ки аз рӯи инсоф амал кунад
ва толиби ростӣ бошад,
метавонед ёфт, то ки Ман онро биомурзам?
2Ва агарчи онҳо „ба ҳаёти Худованд!“ мегӯянд,
лекин қасамашон бардурӯғ аст».
3Худовандо! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст.
Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд;
онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд;
рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.
4Ва ман гуфтам: «Инҳо, охир, мардуми бенавоянд, гирифтори ҷаҳолатанд,
чунки роҳи Худовандро, аҳкоми Худои худро намедонанд».
5Пас, ман назди акобир рафта, бо онҳо гуфтугӯ мекунам,
зеро ки онҳо роҳи Худовандро, аҳкоми Худои худро медонанд,
аммо онҳо саросар юғро шикаста, бандҳоро баркандаанд.
6Бинобар ин шере аз ҷангал онҳоро талаф хоҳад намуд,
гурги биёбон онҳоро тороҷ хоҳад кард,
паланг назди шаҳрҳои онҳо камин хоҳад гирифт:
ҳар кӣ аз онҳо берун равад, дарида хоҳад шуд;
зеро ки гуноҳҳои онҳо афзун шуда,
муртадиҳои онҳо пурзӯр гардидааст.
7«Чӣ гуна Ман туро барои ин аъмоли бад биомурзам?
Писарони ту Маро тарк карданд
ва ба чизҳое ки худо нестанд, қасам мехӯранд;
ва онҳоро сер кардам,
вале онҳо ба зинокорӣ дода шуданд,
ва гурӯҳ‐гурӯҳ ба хонаҳои фоҳишагон даромаданд.
8Онҳо мисли аспони охурӣ аз шаҳват маст шуданд:
ҳар яке аз онҳо барои зани ёри худ шеҳа мезанад.
9Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. —
Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?
10Бар деворҳои токзори он баромада, онҳоро хароб намоед,
вале комилан несту нобуд накунед;
шохаҳояшро барканед, чунки онҳо аз они Худованд нестанд;
11Зеро ки хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо
дар ҳаққи Ман бисьёр хиёнат карданд, —
мегӯяд Худованд.
12Онҳо Худовандро инкор карда, гуфтанд:
„Ӯ нест, ва мусибате бар мо нахоҳад омад,
ва мо шамшер ва қаҳтиро нахоҳем дид;
13Ва анбиё барбод хоҳанд рафт,
ва калом дар онҳо нест;
бигзор ин бар худашон воқеъ шавад!“»
14Бинобар ин Худованд Худои лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Барои он ки шумо чунин сухан гуфтед,
инак Ман суханони Худро дар даҳони ту ба оташ,
ва ин қавмро ба ҳезум табдил хоҳам дод,
ва онҳоро вай хоҳад хӯрд.
15Инак, Ман бар шумо, эй хонадони Исроил, халқеро
аз дурдаст хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, —
ки халқи зӯроваранд, халқи қадиманд,
халқе ки забонашонро намедонӣ,
ва гуфторашонро нахоҳӣ фаҳмид.
16Тиркаши онҳо мисли қабри кушода мебошад;
ҳамаашон ҷанговарони ҷасуранд.
17Ва онҳо ҳосилоти ту ва нони туро хоҳанд хӯрд,
писарон ва духтарони туро хоҳанд хӯрд,
бузу гӯсфандон ва говони туро хоҳанд хӯрд,
ангури ту ва анҷири туро хоҳанд хӯрд;
шаҳрҳои истеҳкомдори туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ,
бо шамшер валангор хоҳанд кард».
18«Вале дар ҳамон рӯзҳо низ, — мегӯяд Худованд, — шуморо комилан несту нобуд нахоҳам кард.
19Ва агар шумо бигӯед: „Аз барои чӣ Худованд Худои мо ҳамаи ин балоҳоро бар мо овардааст?“ — ба онҳо бигӯй: „Чунон ки шумо Маро тарк намудед ва ба худоёни бегона дар замини худ хизмат кардед, ончунон ба бегонаҳо дар замине ки аз они шумо набошад, хизмат хоҳед кард“.
20Инро дар хонадони Яъқуб эълон карда
ва дар Яҳудо хабар дода, бигӯед:
21Инро бишнавед, эй қавми нодон ва бефаҳм,
ки чашм доред, вале намебинед,
гӯш доред, вале намешунавед!
22Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд.
— Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед?
Ман, охир, регро ҳудуди баҳр,
қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам,
ки аз он намегузарад;
ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад,
ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
23Валекин ин қавм дили беитоат ва исьёнкор доранд;
онҳо муртад шуданду рафтанд
24Ва дар дили худ нагуфтанд:
„Аз Худованд Худои худ битарсем,
ки Ӯ борони аввал ва охирро дар сари вақт меборонад,
ҳафтаҳои барои дарав таъиншударо барои мо нигоҳ медорад“.
25Гуноҳҳои шумо инро ақиб андохтааст,
ва хатоҳои шумо некиро аз шумо дур кардааст.
26Зеро дар миёни қавми Ман шарирон пайдо шудаанд,
ки мисли сайёдон камин гирифта,
дом мегузоранд ва одамонро сайд мекунанд.
27Чунон ки қафас пур аз паррандагон аст,
ончунон хонаҳои онҳо пур аз фиреб аст;
бинобар ин онҳо бузург ва сарватдор шудаанд.
28Фарбеҳ ва сергӯшт шудаанд, дар бадкорӣ аз ҳад гузаштаанд,
даъвоҳоро, алалхусус даъвои ятимонро намесанҷанд,
то ки онҳо комьёб шаванд,
ва бенавоёнро аз рӯи инсоф доварӣ намекунанд.
29Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. —
Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?»
30Чизи даҳшатангез ва зишт
дар ин замин ба вуқӯъ меояд:
31Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд,
ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд,
ва қавми Ман инро дӯст медоранд.
Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?
Currently Selected:
Ирмиё 5: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.