YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Давоми он.
1«Агар ту, эй Исроил, — мегӯяд Худованд — баргардӣ,
агар сӯи Ман баргардӣ,
ва агар қабоҳатҳои худро аз пеши Ман дур кунӣ,
оворагард нахоҳӣ шуд.
2Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат
„ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ,
он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост
ва бо вай фахр хоҳанд кард».
3Зеро ки Худованд ба мардони Яҳудо ва Ерусалим чунин мегӯяд:
«Киштзори худро шудгор кунед,
ва дар миёни хорҳо накоред.
4Худро барои Худованд махтун намоед
ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед,
эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим,
мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо,
мисли оташ берун омада, аланга занад,
ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад.
5Дар Яҳудо эълон намоед, ва дар Ерусалим бишнавонед ва бигӯед,
ва бар замин шох навозед,
ва бо овози баланд хитоб намуда, бигӯед:
„Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор паноҳ барем“.
6Байрақе ба ҷониби Сион барафрозед,
сӯи истеҳкомҳо биравед, таваққуф накунед, зеро ки
Ман мусибате ва таҳлукаи бузурге аз шимол меоварам.
7Шере аз бешаи худ боло баромадааст,
ва талафкунандаи халқҳо ҳаракат карда,
аз макони худ берун омадааст,
то ки замини туро ба биёбон табдил диҳад,
ва шаҳрҳои ту хароб шуда, ғайримаскун гардад».
8Бинобар ин палос пӯшида, мотам гиред ва навҳа кунед,
зеро ки оташи ғазаби Худованд аз мо барнагаштааст.
9«Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, — мегӯяд Худованд, — ки дили подшоҳ ва дили мирон афсурда хоҳад шуд; ва коҳинон маъюс хоҳанд гардид, ва анбиё дар ҳайрат хоҳанд афтод».
10Ва гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Дар асл Ту ин қавм ва Ерусалимро фирефта карда, гуфтаӣ: „Шуморо осоиштагӣ хоҳад буд“, ва ҳол он ки шамшер ба ҷон расидааст».
11Дар он замон ба ин қавм ва ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд: «Боди самум аз теппаҳои биёбон бар роҳи духтари қавми Ман мевазад, на барои бод додани хирман ва на барои тоза кардани он.
12Боди шадиде аз он ҷо барои Ман хоҳад омад; акнун Ман низ бар онҳо довариҳо эълон хоҳам кард».
13Инак, вай мисли абрҳо боло мебарояд,
ва аробаҳояш мисли тундбод аст,
ва аспонаш аз уқобон чобуктаранд;
вой бар мо, зеро ки гирифтори тороҷ хоҳем шуд!
14Дили худро аз шарорат шустушӯй намо, эй Ерусалим, то ки наҷот ёбӣ;
то ба кай фикру хаёлҳои бади ту андаруни ту сокин бошад?
15Зеро овозе аз ҷониби Дон,
ва хабари мусибат аз кӯҳи Эфроим меояд:
16«Ба халқҳо хотиррасон намоед,
ба Ерусалим хабар диҳед,
ки аз кишвари дурдаст муҳосиракунандагон меоянд,
ва шаҳрҳои Яҳудоро бо овози худ пур мекунанд.
17Онҳо мисли посбонони киштзор варо иҳота менамоянд,
зеро ки вай Маро ба хашм овардааст, — мегӯяд Худованд.
18Роҳи ту ва аъмоли ту ин чизҳоро бар ту овардааст;
ин бадии туст, ки сабаби талхкомии ту гардида,
то ба дили ту расидааст».
19Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифатаст!
Пардаҳои дили ман!
Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам;
зеро ки ту, эй ҷони ман,
овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.
20Таҳлука бар таҳлука рӯй дода,
тамоми замин валангор шудааст;
хаймаҳои ман ногаҳон гирифтори тороҷ гардида,
чодарҳои ман дар як он барбод рафтааст.
21То ба кай ман байрақро бубинам
ва овози шохро бишнавам?
22«Зеро ки қавми Ман беақланд, Маро намешиносанд;
онҳо писарони ҷоҳиланд ва фаҳме надоранд;
ба бадӣ кардан ақлашон мерасад,
вале кардани кори нек аз дасташон намеояд».
23Ба замин нигоҳ кардам, ва инак, дар ҳолати ҳарҷумарҷ аст;
ва сӯи осмон нигаристам, ва ҳеҷ нур надошт;
24Ба кӯҳҳо нигоҳ кардам, ва инак, онҳо меларзанд,
ва ҳамаи теппаҳо ба ҷунбиш омадаанд.
25Нигоҳ кардам, ва инак, касе нест,
ва ҳамаи мурғони осмон парида рафтаанд.
26Нигоҳ кардам, ва инак, боғистон ба биёбон мубаддал шудааст,
ва ҳамаи шаҳрҳои он аз ҳузури Худованд,
аз оташи ғазаби Ӯ хароб шудааст.
27Зеро ки Худованд чунин мегӯяд:
«Тамоми замин валангор хоҳад шуд,
вале онро комилан несту нобуд нахоҳам кард.
28Замин дар ин хусус мотам хоҳад гирифт,
ва осмон аз боло тира хоҳад шуд,
зеро ки Ман инро гуфтам ва азм намудам,
ва пушаймон нахоҳам шуд, ва аз ин азм нахоҳам гашт».
29Аз ғулғулаи саворон ва тирандозон тамоми аҳли шаҳрҳо мегурезанд:
ба ҷангалҳои анбӯҳ дохил мешаванд ва бар кӯҳпораҳо мебароянд;
ҳамаи шаҳрҳо тарк карда мешаванд,
ва касе дар онҳо боқӣ намемонад.
30Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард?
Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ,
агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ,
агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ,
лекин бар абас худро зинат медиҳӣ:
хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд,
ва қасди ҷони ту доранд.
31Зеро овозе ба гӯшам мерасад,
мисли фарьёди зане ки дарди зоиш дорад
ва ҳамчун зани навзой азоб мекашад,
яъне овози духтари Сион, ки базӯр нафас гирифта
ва дастҳои худро дароз карда, фиғон мекашад:
«Эй вой бар ман, ки ҷонам аз дасти қотилон бемаҷол шудааст!»

Currently Selected:

Ирмиё 4: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 4