«Агар ту, эй Исроил, — мегӯяд Худованд — баргардӣ,
агар сӯи Ман баргардӣ,
ва агар қабоҳатҳои худро аз пеши Ман дур кунӣ,
оворагард нахоҳӣ шуд.
Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат
„ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ,
он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост
ва бо вай фахр хоҳанд кард».