YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 35

35
БОБИ СИЮ ПАНҶУМ
Итоати Рекобиён ҳамчун намунаи ибрат барои яҳудиён оварда мешавад.
1Каломе ки аз ҷониби Худованд дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
2«Ба хонаи Рекобиён бирав ва бо онҳо гуфтугӯ намо, ва онҳоро ба хонаи Худованд, ба яке аз ҳуҷраҳои он биёр, ва ба онҳо шароб бинӯшон».
3Ва ман Еазаньё ибни Ирмиё ибни Ҳавасиньё, ва бародаронаш, ва ҳамаи писаронаш, ва тамоми аҳли хонаводаи Рекобиёнро гирифтам,
4Ва онҳоро ба хонаи Худованд, ба ҳуҷраи писарони Ҳонон ибни Йигдальёи марди Худо овардам, ки он назди ҳуҷраи мирон, болои ҳуҷраи Маасеё ибни Шаллуми посбони даромадгоҳ мебошад;
5Ва пеши писарони хонаводаи Рекобиён кӯзаҳои пур аз шароб ва косаҳоро монда, ба онҳо гуфтам: «Шароб нӯшед».
6Вале онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро ки падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб ба мо амр фармуда, гуфтааст: „Шумо ва писарони шумо то абад шароб нанӯшед,
7Ва хонаҳо бино накунед, ва тухм кишт нанамоед, ва ток нашинонед, ва соҳиби он чизҳо набошед, балки тамоми айёми худ хайманишин шавед, то бар рӯи замине ки шумо дар он мусофират менамоед, рӯзҳои бисьёр зиндагӣ кунед“.
8Ва мо ба овози падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб, дар ҳар чи ба мо амр фармудааст, итоат намуда, тамоми айёми худ шароб нанӯшидем, — худамон, занонамон, писаронамон ва духтаронамон,
9Ва хонаҳо барои иқомати худ бино накардем, ва мо токзор ва киштгоҳ ва зироат надорем,
10Ва дар хаймаҳо сукунат дорем, ва ҳар он чи падарамон Йӯнодоб ба мо амр фармудааст, ба он итоат менамоем ва мувофиқи он амал мекунем.
11Ва ҳангоме ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ба ин замин омад, мо ба худ гуфтем: „Биёед, аз дасти лашкари калдониён ва аз дасти лашкари арамиён ба Ерусалим биравем“, — ва инак мо дар Ерусалим сокин шудаем».
12Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
13«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва ба мардони Яҳудо ва ба сокинони Ерусалим бигӯй: оё шумо сабақ намегиред, то ки ба суханони Ман гӯш диҳед? — мегӯяд Худованд.
14Суханони Йӯнодоб ибни Рекоб, ки ба писаронаш амр фармуд, ки шароб нанӯшанд, ба ҷо оварда мешавад, ва онҳо то имрӯз наменӯшанд, зеро ки ба амри падари худ гӯш мекунанд; вале Ман ба шумо гуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан рондам, ва шумо ба Ман гӯш надодед.
15Ва ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Лутфан, ҳар яке аз шумо аз роҳи бади худ гашта, аъмоли худро ислоҳ намоед, ва аз паи худоёни бегона рафта, онҳоро ибодат накунед, то бар замине ки ба шумо ва падаронатон додаам, сукунат кунед“, вале шумо гӯши худро хам накардед ва Маро нашнидед.
16Зеро писарони Йӯнодоб ибни Рекоб амри падари худро, ки ба онҳо фармудааст, ба ҷо меоваранд, вале ин қавм ба Ман гӯш намедиҳанд.
17Бинобар ин Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки Ман ба онҳо гуфтам, вале онҳо нашниданд, ва Ман онҳоро хондам, вале онҳо ҷавоб надоданд».
18Ва Ирмиё ба аҳли хонаводаи Рекобиён гуфт: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски шумо ба амри падари худ Йӯнодоб гӯш додед ва тамоми аҳкоми ӯро риоя кардед, ва ҳар он чи ӯ фармудааст, ба ҷо овардед,
19Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: аз Йӯнодоб ибни Рекоб касе ки ҳамеша ба ҳузури Ман меистода бошад, кам нахоҳад шуд».

Currently Selected:

Ирмиё 35: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 35