YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 36

36
БОБИ СИЮ ШАШУМ
Тӯмор бо суханони Ирмиё ба ҳузури подшоҳ Еҳӯёқим нобуд карда шуд.
1Ва дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки ин калом аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
2«Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис.
3Шояд, хонадони Яҳудо тамоми мусибатеро, ки Ман мехоҳам бар онҳо оварам, бишнаванд, то ки ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва Ман маъсият ва гуноҳи онҳоро биомурзам».
4Ва Ирмиё Борух ибни Нериёро даъват намуд, ва Борух аз забони Ирмиё ҳамаи суханони Худовандро, ки ба ӯ гуфта буд, дар тӯмори китобат бинавишт.
5Ва Ирмиё ба Борух амр фармуда, гуфт: «Ман маҳбус ҳастам ва наметавонам ба хонаи Худованд биёям;
6Пас, ту бирав ва суханони Худовандро, ки аз забони ман дар тӯмор навиштаӣ, дар хонаи Худованд дар рӯзи рӯзадорӣ дар гӯши тамоми қавм бихон, ҳамчунин дар гӯши ҳамаи яҳудиёне ки аз шаҳрҳои худ омадаанд, онҳоро бихон;
7Шояд, онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса баранд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, зеро хашму ғазабе ки Худованд дар бораи ин қавм баён намудааст, бузург аст».
8Ва Борух ибни Нериё ҳар он чиро, ки Ирмиёи набӣ ба ӯ фармуда буд, то ки суханони Худовандро аз он тӯмор дар хонаи Худованд бихонад, ба ҷо овард.
9Ва дар соли панҷуми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки дар моҳи нӯҳум тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, ва тамоми қавме ки аз шаҳрҳои Яҳудо ба Ерусалим омаданд, ба ҳузури Худованд рӯза эълон карданд.
10Ва Борух суханони Ирмиёро аз он тӯмор дар хонаи Худованд, дар ҳуҷраи Ҷамарьё ибни Шофони котиб, дар саҳни боло, дар даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд, дар гӯши тамоми қавм хонд.
11Ва Михой ибни Ҷамарьё ибни Шофон ҳамаи суханони Худовандро аз он тӯмор шунид,
12Ва ба хонаи подшоҳ, ба ҳуҷраи котиб фурӯд омад, ва инак, дар он ҷо ҳамаи мирон нишаста буданд: Элишомои котиб, ва Далоё ибни Шамаъё, ва Элнотон ибни Ахбӯр, ва Ҷамарьё ибни Шофон, ва Сидқиё ибни Ҳананьё, ва ҳамаи мирон;
13Ва Михой ҳамаи суханонеро, ки шунида буд, вақте ки Борух тӯморро дар гӯши қавм хонд, ба онҳо ҳикоят кард.
14Ва ҳамаи мирон Яҳудӣ ибни Натаньё ибни Шамаъё ибни Ҳабаширо назди Борух фиристоданд, ки бигӯяд: «Он тӯморро, ки дар гӯши қавм хондӣ, ба дасти худ гирифта, биё». Ва Борух ибни Нериё он тӯморро ба дасти худ гирифта, назди онҳо омад.
15Ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Бинишин ва онро дар гӯши мо бихон». Ва Борух дар гӯши онҳо хонд.
16Ва ҳангоме ки онҳо ҳамаи он суханонро шуниданд, бо ҳарос ба ҳамдигар нигаристанд, ва ба Борух гуфтанд: «Мо ҳамаи ин суханонро албатта ба подшоҳ нақл хоҳем намуд».
17Ва ба Борух савол дода, гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки ҳамаи ин суханонро чӣ гуна аз забони ӯ навиштӣ?»
18Ва Борух ба онҳо гуфт: «Ӯ аз забони худ ба ман ҳамаи ин суханонро хонд, ва ман бо сиёҳӣ дар тӯмор навиштам».
19Ва мирон ба Борух гуфтанд: «Рафта, ту ва Ирмиё пинҳон шавед, то касе надонад, ки шумо куҷоед».
20Ва тӯморро дар ҳуҷраи Элишомои котиб гузошта, ба қасри подшоҳ рафтанд ва ҳамаи он суханонро дар гӯши подшоҳ нақл карданд.
21Ва подшоҳ Яҳудиро фиристод, ки тӯморро биёрад, ва ӯ онро аз ҳуҷраи Элишомои котиб овард, ва онро Яҳудӣ дар гӯши подшоҳ ва дар гӯши ҳамаи мироне ки назди подшоҳ истода буданд, хонд.
22Ва подшоҳ дар моҳи нӯҳум дар хонаи зимистонӣ нишаста буд, ва дар пеши ӯ манқали оташ месӯхт.
23Ва чун Яҳудӣ се‐чор сутунро хонда тамом мекард, подшоҳ бо кордчаи китобат онро бурида мегирифту дар оташи манқал меандохт, то даме ки тамоми он тӯмор дар оташи манқал сӯзонида шуд.
24Вале подшоҳ ва ҳамаи бандагонаш, ки ҳамаи ин суханонро шуниданд, натарсиданд ва ҷомаҳои худро чок назаданд,
25Ва ҳарчанд Элнотон ва Далоё ва Ҷамарьё аз подшоҳ илтимос карданд, ки тӯморро насӯзонад, ӯ ба онҳо гӯш надод.
26Ва подшоҳ ба Ераҳмеили шоҳзода ва Сароё ибни Азриил ва Шелемьё ибни Абдаил амр фармуд, ки Борухи котиб ва Ирмиёи набиро дастгир кунанд, вале Худованд онҳоро пинҳон кард.
Тӯмор аз нав навишта шуд.
27Ва баъд аз он ки подшоҳ тӯмор ва суханонеро, ки Борух аз забони Ирмиё навишта буд, сӯзонид, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
28«Барои худ аз нав тӯмори дигаре бигир ва ҳамаи суханони пештараро, ки дар тӯмори якум буд, ва онро Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо сӯзонид, дар он бинавис.
29Ва ба Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: ту ин тӯморро сӯзонида, гуфтӣ: чаро ту дар он чунин навиштӣ: „Подшоҳи Бобил ҳатман хоҳад омад ва ин заминро валангор карда, одамон ва ҳайвонотро аз он барҳам хоҳад зад“?
30Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: ӯро касе нахоҳад буд, ки бар тахти Довуд биншинад, ва ҷасади ӯ дар гармои рӯз ва сармои шаб партофта хоҳад шуд.
31Ва ӯ ва насли ӯ ва бандагони ӯро Ман барои гуноҳашон ҷазо хоҳам дод, ва бар онҳо ва бар сокинони Ерусалим ва бар мардони Яҳудо тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки онҳо гӯш надоданд».
32Ва Ирмиё тӯмори дигаре гирифта, ба Борух ибни Нериёи котиб дод, ва ӯ ҳамаи суханони тӯмореро, ки Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ба оташ сӯзонида буд, аз забони Ирмиё дар он бинавишт, ва боз бар онҳо суханони бисьёре монанди онҳо илова карда шуд.

Currently Selected:

Ирмиё 36: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 36