YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 34

34
БОБИ СИЮ ЧОРУМ
Ба Сидкиё пешгӯӣ карда шуд,
ки ба зудӣ ба асирӣ меафтад.
1Каломе ки аз ҷониби Худованд дар замоне ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ, ва ҳамаи мамлакатҳои замин, ки зердасти ӯ буданд, ва ҳамаи қавмҳо бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои он меҷангиданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
2«Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва Сидқиё подшоҳи Яҳудоро хитоб намо ва ба ӯ бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил месупорам, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид;
3Ва Ту аз дасти ӯ раҳо нахоҳӣ шуд, балки дастгир гардида, ба дасти ӯ супурда хоҳӣ шуд, ва чашмони ту чашмони подшоҳи Бобилро хоҳад дид, ва даҳони ӯ бо даҳони ту гуфтугӯ хоҳад кард, ва ту ба Бобил хоҳӣ рафт“.
4Аммо каломи Худовандро бишнав, эй Сидқиё подшоҳи Яҳудо! Худованд дар бораи ту чунин мегӯяд: ту ба дами шамшер нахоҳӣ мурд;
5Ту дар осоиштагӣ хоҳӣ мурд, ва чунон ки барои падарони ту, — барои подшоҳоне ки пеш аз ту буданд, — моддаҳои хушбӯй сӯзонидаанд, ончунон барои ту хоҳанд сӯзонид ва барои ту навҳа карда, хоҳанд гуфт: „Э вой оғо!“, зеро ки ин суханро Ман гуфтам, — мегӯяд Худованд».
6Ва Ирмиёи набӣ ҳамаи ин суханонро ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар Ерусалим гуфт.
7Дар ин миён лашкари подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои боқимондаи Яҳудо, яъне бар зидди Локиш ва Азеқо меҷангиданд, зеро ки аз шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо фақат ҳамин шаҳрҳо боқӣ монда буданд.
8Каломе ки аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуд, баъд аз он ки подшоҳ Сидқиё бо тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, аҳд баст, ки озодӣ эълон намоянд,
9То ки ҳар кас ғуломи ибрии худ ва ҳар кас канизи ибрияи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва ҳеҷ кас барои яҳудии бародари худ ғулом набошад.
10Ва ҳамаи мирон ва тамоми қавме ки ба ин аҳд шарик шуданд, итоат карданд ба он ки ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва дигар ғуломе надошта бошад, — ва онҳо итоат карданд ва ҷавоб доданд.
11Валекин баъд аз ин онҳо аз фикри худ гашта, ғуломон ва канизонеро, ки ба озодӣ ҷавоб дода буданд, баргардонида, зердаст карданд, то ки ғулом ва каниз бошанд.
12Ва каломи Худованд бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
13«Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман бо падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам, аҳд баста, гуфтам:
14„Дар соли ҳафтум, ки соли охирин аст, ҳар яке аз шумо бародари ибрии худро, ки худро ба ту фурӯхта бошад, ҷавоб диҳед: бигзор ӯ назди ту шаш сол ғулом бошад, ва баъд аз он ӯро аз пеши худ ба озодӣ ҷавоб деҳ“; вале падарони шумо Маро нашниданд, ва гӯши худро хам накарданд.
15Ва алҳол шумо руҷӯъ намуда, он чиро, ки дар назари Ман ҳаққонист, ба амал овардед: ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон намуд, ва дар ҳузури Ман, дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, аҳд бастед;
16Вале аз фикри худ гашта, исми Маро хор доштед, ва ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро, ки ба дилхоҳи онҳо ба озодӣ ҷавоб дода будед, баргардонида, онҳоро зердаст кардед, то ки барои шумо ғулом ва каниз бошанд.
17Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;
18Ва таслим хоҳам намуд касонеро, ки аҳди Маро поймол карданд ва ба ҷо наоварданд суханони аҳдеро, ки ба ҳузури Ман ба василаи гӯсолае бастанд, ки онро ду пора карданд ва аз миёни пораҳои он гузаштанд,
19Яъне мирони Яҳудо ва мирони Ерусалим, хоҷасароён ва коҳинон ва тамоми қавми заминро, ки аз миёни пораҳои гӯсола гузаштанд, —
20Онҳоро ба дасти душманонашон ва ба дасти толибони ҷонашон таслим хоҳам намуд, ва ҷасадҳошон хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.
21Ва Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯро ба дасти душманонашон ва толибони ҷонашон, ва ба дасти лашкари подшоҳи Бобил, ки аз назди шумо ақиб нишастаанд, таслим хоҳам намуд.
22Инак, Ман амр мефармоям, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро сӯи ин шаҳр бармегардонам, ва онҳо ба муқобили он ҷангида, онро забт хоҳанд кард, ва онро ба оташ хоҳанд сӯзонид; ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскун хоҳам гардонид».

Currently Selected:

Ирмиё 34: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in