YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 33

33
БОБИ СИЮ СЕЮМ
Нубувват дар бораи Малакути Масеҳ ва иттифоқи ҷовидонӣ бо Худо.
1Ва Ирмиё ҳанӯз дар саҳни посгоҳ маҳбус буд, ки каломи Худованд бори дуюм бар ӯ нозил шуда, гуфт:
2«Худованде ки ин корро мекунад, Худованде ки инро ба вуҷуд оварда, мустаҳкам менамояд, ва исми Ӯ Худованд аст, чунин мегӯяд:
3Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.
4Зеро чунин мегӯяд Худованд, Худои Исроил дар бораи хонаҳои ин шаҳр ва дар бораи хонаҳои подшоҳони Яҳудо, ки барои хокрезҳо ва барои ҳарбу зарб валангор карда шудааст
5Ба воситаи онҳое ки омадаанд, то бар зидди калдониён ҷангида, он хонаҳоро аз лошаҳои одамоне пур кунанд, ки Ман онҳоро дар хашм ва ғазаби Худ зарба задаам, ва ба сабаби тамоми шарорати онҳо рӯи Худро аз ин шаҳр пинҳон кардаам:
6Инак, Ман ба он марҳам ва даво хоҳам бахшид, ва онҳоро шифо хоҳам дод, ва фаровонии осоиштагӣ ва ростиро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт.
7Ва асирони Яҳудо ва асирони Исроилро хоҳам баргардонид, ва онҳоро мисли пештара бино хоҳам кард.
8Ва онҳоро аз тамоми гуноҳе ки пеши Ман ба амал овардаанд, пок хоҳам кард, ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро, ки пеши Ман ба амал овардаанд, ва ба василаи онҳо бар зидди Ман исьён кардаанд, хоҳам омурзид.
9Ва он барои Ман исми шодмонӣ, ҷалол ва шукӯҳ пеши ҳамаи халқҳои замин хоҳад буд, ки онҳо тамоми некиеро, ки Ман ба он мекунам, хоҳанд шунид, ва аз боиси тамоми он некӣ ва тамоми он осоиштагие ки Ман ба он мебахшам, тарсида, ба ларза хоҳанд афтод.
10Худованд чунин мегӯяд: дар ин макон, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Он вайрона аст: на одам дорад ва на чорво“, яъне дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим, ки валангор гардида, на одаме доранд, на сокине ва на чорвое,
11Боз садои шодмонӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯс шунида хоҳад шуд, овози онҳое ки мегӯянд: „Худованди лашкарҳоро ҳамд гӯед, зеро Худованд некӯст, ва эҳсони Ӯ то абад аст“, овози онҳое ки қурбонии шукрона ба хонаи Худованд меоваранд; зеро ки Ман асирони ин заминро мисли пештара хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд.
12Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дар ин макон, ки вайронаи бе одам ва бе чорво гардидааст, ва дар ҳамаи шаҳрҳои он боз чарогоҳҳои чӯпонон хоҳад буд, ки онҳо рамаҳои худро бемалол хоҳанд хобонид.
13Дар шаҳрҳои кӯҳистон, дар шаҳрҳои пастӣ ва дар шаҳрҳои ҷанубӣ, ва дар замини Биньёмин ва дар атрофи Ерусалим ва дар шаҳрҳои Яҳудо боз рамаҳо аз зери дасти шуморандагон хоҳанд гузашт, — мегӯяд Худованд.
14Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман он каломи некро, ки дар бораи хонадони Исроил ва дар бораи хонадони Яҳудо баён намудаам, ба ҷо хоҳам овард.
15Дар он айём ва дар он замон Ман Шохаи одиле барои Довуд хоҳам рӯёнид, ва Ӯ инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.
16Дар он айём Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Ерусалим дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исме ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.
17Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: аз Довуд касе ки бар тахти хонадони Исроил биншинад, кам нахоҳад шуд,
18Ва аз коҳинони левизода касе ки ҳар рӯз қурбониҳои сӯхтанӣ бароварад ва ҳадияҳои ордӣ бисӯзонад ва забҳҳо ба амал оварад, аз ҳузури Ман кам нахоҳад шуд».
19Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
20«Худованд чунин мегӯяд: агар шумо тавонед аҳди Маро, ки бо рӯз бастаам, ва аҳди Маро, ки бо шаб бастаам, ботил намоед, ба тавре ки рӯз ва шаб дар вақти худ фаро нарасад,
21Он гоҳ аҳде низ, ки бо бандаи Худ Довуд бастаам, ботил хоҳад шуд, ба тавре ки ӯро писаре набошад, ки бар тахти ӯ подшоҳӣ кунад, ҳамчунин аҳде ки бо коҳинони левизода, ки хизматгузорони Мананд, бастаам.
22Чунон ки лашкари осмон сону шумор надорад, ва реги дарьё аз андоза берун аст, ончунон насли бандаи Худ Довуд ва левизодагонро, ки ба Ман хизматгузорӣ менамоянд, афзун хоҳам кард».
23Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
24«Оё намебинӣ, ки ин қавм чӣ мегӯянд: „Он ду хонадоне ки Худованд баргузида буд, Ӯ аз онҳо безор шудааст“, ва аз қавми Ман нафрат мекунанд, гӯё ки дигар дар назари онҳо халқе набошанд?
25Худованд чунин мегӯяд: агар аҳди Худро бо рӯз ва шаб намебастам, ва қонунҳои осмон ва заминро барқарор намекардам,
26Он гоҳ аз насли Яъқуб ва бандаи Худ Довуд низ безор мешудам, то ки аз насли ӯ ҳокимонро барои насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб нагирам; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид ва бар онҳо раҳм хоҳам кард».

Currently Selected:

Ирмиё 33: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 33