YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 32

32
БОБИ СИЮ ДУЮМ
Ирмиё киштзореро ҳамчун аломати баргаштани асирон мехарад.
1Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд дар соли даҳуми Сидқиё подшоҳи Яҳудо нозил шуд, ки ин сол соли ҳаждаҳуми Набукаднесар буд.
2Ва он вақт лашкари подшоҳи Бобил Ерусалимро муҳосира карда буд, ва Ирмиёи набӣ дар саҳни посгоҳи назди хонаи подшоҳи Яҳудо маҳбус буд,
3Ки ӯро Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар он ҷо ҳабс карда, гуфта буд: «Чаро ту нубувват карда, мегӯӣ: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онро мусаххар хоҳад кард;
4Ва Сидқиё подшоҳи Яҳудо аз дасти калдониён раҳо нахоҳад шуд, зеро ки ӯ ҳатман ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва даҳони ӯ бо даҳони вай сухан хоҳад ронд, ва чашмони ӯ чашмони варо хоҳад дид;
5Ва Сидқиёро вай ба Бобил хоҳад бурд, ва ӯ то вақте ки Ман ӯро тафаққуд намоям, дар он ҷо хоҳад буд, — мегӯяд Худованд, — зеро ки агар бо калдониён ҷанг кунед, муваффақият нахоҳед ёфт“».
6Ва Ирмиё гуфт: «Каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
7Инак Ҳанамъил ибни Шаллуми тағоят назди ту меояд, то бигӯяд: „Киштзори маро, ки дар Анотӯт аст, бихар, зеро ки мувофиқи ҳаққи фидияи хешовандӣ ту бояд бихарӣ“.
8Ва Ҳанамъил писари тағоям бар тибқи каломи Худованд назди ман ба саҳни посгоҳ омада, ба ман гуфт: „Лутфан, киштзори маро, ки дар Анотӯт, дар замини Биньёмин аст, бихар, зеро ки ҳаққи меросгирӣ аз они туст ва ҳаққи фидияи хешовандӣ аз они туст, пас онро барои худ бихар“. Ва ман донистам, ки ин каломи Худованд аст.
9Ва киштзорро, ки дар Анотӯт буд, аз Ҳанамъил писари тағоям харидам; ва баҳои онро ба ӯ баркашида додам, ки ҳабдаҳ сиқл нуқра буд.
10Ва васиқа навиштам, ва мӯҳр задам, ва шоҳидонро барои шаҳодат даъват намудам, ва нуқраро бо тарозу баркашидам.
11Ва васиқаи харидро, ҳам онро, ки бар тибқи аҳком ва фароиз баста мӯҳр зада шуда буд, ва ҳам онро, ки яла буд, гирифтам, —
12Ва ин васиқаи харидро ба Борух ибни Нериё ибни Маҳсеё дар пеши назари Ҳанамъил писари тағоям ва дар пеши назари шоҳидоне ки васиқаи харидро имзо карда буданд, дар пеши назари ҳамаи яҳудиёне ки дар саҳни посгоҳ нишаста буданд, супурдам.
13Ва ба Борух дар пеши назари онҳо супориш дода, гуфтам:
14„Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: ин васиқаҳоро, яъне васиқаи ин харидро: ҳам онро, ки баста мӯҳр зада шудааст, ва ҳам ин васиқаи яларо бигир, ва онҳоро дар зарфи сафолин бимон, то ки рӯзҳои бисьёр биистад.
15Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: боз хонаҳо ва киштзорҳо ва токзорҳо дар ин замин харида хоҳад шуд“».
Дуои Ирмиё.
16«Ва баъд аз он ки васиқаи харидро ба Борух ибни Нериё супурдам, пеши Худованд чунин дуо гуфтам:
17„Ё Худоё Худовандо! Инак, Ту осмон ва заминро бо қуввати бузурги Худ ва бо бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардӣ; барои Ту чизи мушкиле нест.
18Ту ба ҳазорҳо марҳамат менамоӣ, ва подоши маъсияти падаронро ба оғӯши фарзандонашон баъд аз онҳо мерасонӣ, эй Худои бузурги ҷаббор, ки исми Ту Худованди лашкарҳост!
19Ту дар рой бузург ва дар аъмол қавӣ ҳастӣ; чашмони Ту бар ҳамаи роҳҳои банӣ‐одам воз аст, то ки ба ҳар кас мувофиқи роҳҳояш ва бар тибқи самараи аъмолаш подош диҳӣ.
20Ту аломот ва мӯъҷизот дар замини Миср, ва то имрӯз дар Исроил ва дар миёни мардумон ба амал овардӣ, ва барои Худ, чунон ки имрӯз аст, исм пайдо кардӣ.
21Ту қавми Худ — Исроилро бо аломот ва мӯъҷизот, ва бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ, ва бо ҳайбати азим аз замини Миср берун овардӣ;
22Ва ин заминро, ки ба падаронашон қасам хӯрдӣ, ки ба онҳо бидиҳӣ, ба онҳо додӣ, — замине ки шир ва асал дар он ҷорист.
23Ва онҳо омада, онро ба тасарруфи худ дароварданд, вале овози Туро нашниданд, бар тибқи шариати Ту рафтор накарданд ва он чиро, ки Ту амр фармудӣ, ки ба ҷо оваранд, ба ҷо наоварданд; ба ин сабаб Ту тамоми ин мусибатро бар онҳо овардӣ.
24Инак, хокрезҳо ба шаҳр расидааст, то ки онро забт кунанд; ва шаҳр ба дасти калдониёне ки ба зидди он ҷанг мекунанд, аз боиси шамшер ва қаҳтӣ ва вабо таслим мешавад; ва он чи Ту гуфта будӣ, ба амал меояд, ва инак, Ту инро мебинӣ.
25Ва Ту, эй Худованд Худо, ба ман мегӯӣ: ин киштзорро барои худ ба нуқра бихар ва шоҳидонро барои шаҳодат даъват намо, ва ҳол он ки шаҳр ба дасти калдониён супурда мешавад“».
Ҷавоби Худованд.
26Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
27«Инак, Ман — Худованд — Худои тамоми башар ҳастам; оё барои Ман чизи мушкиле ҳаст?
28Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти калдониён ва ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил месупорам, ва ӯ онро хоҳад гирифт.
29Ва калдониёне ки ба зидди ин шаҳр ҷанг мекунанд, дохил шуда, ба ин шаҳр оташ хоҳанд зад ва онро бо хонаҳое ки бар бомҳои онҳо барои Баал бухур месӯзониданд ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни бегона рехта, Маро ба ғазаб меоварданд, хоҳанд сӯзонид,
30Зеро ки банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо аз наврасии худ фақат он чиро, ки дар назари Ман бад буд, ба амал меоварданд; зеро ки банӣ‐Исроил ҳамеша Маро бо амали дастҳои худ ба ғазаб меоварданд, — мегӯяд Худованд.
31Зеро ки ин шаҳр аз рӯзе ки онро бино карданд, то имрӯз сабаби хашм ва ғазаби Ман гардидааст, то ки онро аз ҳузури Худ дур андозам
32Аз боиси тамоми шарорате ки банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо ба амал оварданд, то ки Маро ба ғазаб оваранд, — худи онҳо, подшоҳони онҳо, мирони онҳо, коҳинони онҳо ва анбиёи онҳо, ва мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим.
33Ва онҳо пушти худро ба Ман гардонданд, на рӯи худро; ва Ман онҳоро таълим додам, ҳар рӯз таълим додам, вале онҳо нашниданд, то панде бипазиранд.
34Ва дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, чизҳои зишти худро гузоштанд, то ки онро палид созанд.
35Ва минбарҳои Баалро дар водии Бен‐Ҳиннӯм бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро барои Мӯлик аз оташ гузаронанд, ки инро Ман нафармудаам ва ин ба хаёлам наомадааст, ки чунин кори зиште карда, Яҳудоро гумроҳ созанд.
36Бинобар ин алҳол Худованд, Худои Исроил дар ҳаққи ин шаҳр, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Он ба дасти подшоҳи Бобил ба василаи шамшер ва қаҳтӣ ва вабо таслим шудааст“, чунин мегӯяд:
37Инак, Ман онҳоро аз ҳамаи заминҳое ки дар ғазаб ва хашм ва қаҳри бузурги Худ онҳоро ба он ҷо бадар ронда будам, ҷамъ хоҳам овард, ва онҳоро ба ин макон баргардонида, дар амният сокин хоҳам кард.
38Ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.
39Ва Ман ба онҳо як дил ва як роҳ хоҳам дод, то ки ба манфиати худашон ва фарзандонашон, ки баъд аз онҳо хоҳанд буд, ҳамеша аз Ман битарсанд.
40Ва аҳди ҷовидонӣ бо онҳо хоҳам баст, ки бар тибқи он аз онҳо рӯ нахоҳам гардонид, то ки ба онҳо некӣ кунам; ва тарси Худро дар дили онҳо ҷойгир хоҳам кард, то ки онҳо аз Ман дур нашаванд.
41Ва аз некӣ кардан ба онҳо шод хоҳам шуд, ва онҳоро ба ростӣ, бо тамоми дили Худ ва бо тамоми ҷони Худ дар ин замин мисли ниҳоле хоҳам шинонид.
42Зеро Худованд чунин мегӯяд: чунон ки тамоми ин мусибати азимро бар ин қавм овардам, ончунон Ман тамоми некиеро, ки Ман дар бораи онҳо гуфтаам, бар онҳо хоҳам овард.
43Ва дар ин замин, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Ин биёбони бе одам ва бе чорво аст, ки ба дасти калдониён супурда шудааст“, киштзорҳо харида хоҳад шуд;
44Киштзорҳоро ба нуқра харида, васиқаҳо хоҳанд навишт ва баста мӯҳр хоҳанд зад, ва шоҳидонро барои шаҳодат даъват хоҳанд намуд — дар замини Биньёмин ва дар атрофи Ерусалим, ва дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар шаҳрҳои кӯҳистон, ва дар шаҳрҳои пастӣ ва дар шаҳрҳои ҷанубӣ; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид», — мегӯяд Худованд.

Currently Selected:

Ирмиё 32: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 32