YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 31

31
БОБИ СИЮ ЯКУМ
Пешгӯӣ дар бораи наҷоти ояндаи Исроил ва Яҳудо ва дар бораи Аҳди Ҷадид.
1«Дар он замон — мегӯяд Худованд, — Ман Худои ҳамаи қабилаҳои Исроил хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд».
2Худованд чунин мегӯяд:
«Қавме ки аз шамшер саломат монданд,
дар биёбон лутф пайдо карданд;
биравам, то Исроилро ором намоям.
3Аз дурдаст Худованд ба ман зоҳир шуд:
бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам,
бинобар ин туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам.
4Боз туро, эй бокираи Исроил,
бино хоҳам кард, ва ту бино хоҳӣ ёфт;
боз бо дафҳои худ зинат ёфта,
бо дастаи раққасони шодком берун хоҳӣ омад;
5Боз бар кӯҳҳои Сомария токҳо хоҳӣ шинонд;
токдорон ток шинонда, худашон меваи онро хоҳанд хӯрд.
6Зеро рӯзе фаро хоҳад расид, ки дидбонон бар кӯҳи Эфроим нидо хоҳанд кард:
„Бархезед ва назди Худованд Худои худ ба Сион бароем!“»
7Зеро Худованд чунин мегӯяд:
«Барои Яъқуб бо шодмонӣ тараннум намоед,
ва дар сари халқҳо ба ваҷд оед;
нидо карда ва ҳамду сано хонда, бигӯед:
„Қавми Худоро, эй Худованд, бақияи Исроилро наҷот деҳ!“
8Инак, Ман онҳоро аз замини шимолӣ хоҳам овард,
ва онҳоро аз ақсои замин ҷамъ хоҳам кард;
дар миёни онҳо кӯр ва ланг,
зани ҳомиладор ва зоянда бо ҳам хоҳанд буд;
анбӯҳи бузурге ба ин ҷо хоҳанд баргашт.
9Онҳо бо гирья хоҳанд омад,
ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд;
онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд,
ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд;
зеро ки Ман падари Исроил ҳастам,
ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.
10Каломи Худовандро бишнавед, эй халқҳо,
ва ба ҷазираҳои дурдаст эълон намоед, ва бигӯед:
„Ӯ, ки Исроилро пароканда намуд, ӯро ҷамъ хоҳад овард,
ва ӯро нигоҳдорӣ хоҳад кард, чунон ки чӯпон рамаи худро нигоҳдорӣ мекунад“.
11Зеро Худованд барои Яъқуб фидия хоҳад дод,
ва ӯро аз дасти касе ки аз ӯ пурзӯртар аст,
раҳо хоҳад кард.
12Ва онҳо омада, бар баландии Сион тараннум хоҳанд кард;
ва сӯи неъмати Худованд:
сӯи гандум ва шароб ва равғани зайтун,
ва сӯи барраҳо ва гӯсолаҳо равон хоҳанд шуд;
ва ҷони онҳо мисли боғи сероб хоҳад буд,
ва онҳо дигар ғамгин нахоҳанд шуд.
13Он гоҳ бокира дар дастаи раққосон шодӣ хоҳад кард,
ва ҷавонон ва пирон — бо якҷоягӣ;
ва Ман мотами онҳоро ба шодмонӣ табдил хоҳам дод,
ва онҳоро аз кулфате ки кашидаанд, тасаллӣ дода,
шод хоҳам гардонид.
14Ва ҷони коҳинонро аз чарбу ба фаровонӣ ғизо хоҳам дод,
ва қавми Ман аз неъмати Ман сер хоҳанд шуд», — мегӯяд Худованд.
15Худованд чунин мегӯяд:
«Овозе дар Ромо шунида шуд,
садои нола ва гирьяи талх:
Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад;
барои фарзандони худ наметавонад тасаллӣ ёбад,
зеро ки онҳо нестанд».
16Худованд чунин мегӯяд:
«Овози худро аз навҳа,
ва чашмони худро аз ашк нигоҳ дор,
зеро ки барои заҳмати худ подош хоҳӣ гирифт, — мегӯяд Худованд, —
ва онҳо аз замини душман хоҳанд баргашт.
17Ва барои ояндаи ту умеде ҳаст, — мегӯяд Худованд, —
ва фарзандонат ба ҳудуди худ хоҳанд баргашт.
18Овози Эфроимро шунидам, ки дар мотами худ сар ҷунбонда, мегуфт:
„Ту маро ҷазо додӣ, ва ман мисли гӯсолаи ноозмуда ҷазо дидам;
маро баргардон, ва ман хоҳам баргашт,
зеро ки Ту Худованд Худои ман ҳастӣ;
19Зеро, баъд аз он ки баргаштам, пушаймон шудам,
ва баъд аз он ки фаҳм кардам, бар рони худ задам;
хиҷил шудам, ва нангам низ омад,
зеро ки расвоии ҷавонии худро бардошта мегаштам“.
20Оё Эфроим писари азизи Ман аст?
Оё ӯ валади сурурангез аст?
Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам,
ӯро бисьёр ёд мекунам;
бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад,
ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.
21Нишонаҳо барои худ бимон, сутунҳо барои худ барпо бикун,
ба ҷодда ва роҳе ки рафтаӣ, диққат намо;
баргард, эй бокираи Исроил, ба ин шаҳрҳои худ баргард!
22То ба кай рӯ хоҳӣ тофт, эй духтари муртад?
Зеро Худованд бар замин таомули наве офаридааст:
зан гирди мард хоҳад гашт.
23Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Боз дар замини Яҳудо ва шаҳрҳояш, вақте ки асирони онҳоро баргардонам, ин каломро хоҳанд гуфт:
„Эй маскани адолат ва эй кӯҳи муқаддас,
Худованд туро муборак созад!“
24Ва Яҳудо бо якҷоягии ҳамаи шаҳрҳояш, зироаткорон ва онҳое ки бо рама мегарданд, дар он сокин хоҳанд шуд.
25Зеро ки Ман ҷони ташнаро хоҳам нӯшонид, ва ҳар ҷони ғамгинро сер хоҳам кард».
26Дар айни ҳол ман бедор шудам ва ба гирду пешам назар андохтам, ва хобам барои ман хуш буд.
27«Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман хонадони Исроил ва хонадони Яҳудоро бо тухми одам ва тухми чорпоён кишт хоҳам кард.
28Ва воқеъ хоҳад шуд: чунон ки Ман бар онҳо барои аз беху бор кандан, ва вожгун сохтан, ва хароб кардан, ва барҳам задан, ва осеб расондан диққат намудаам, ончунон бар онҳо барои бино кардан ва ниҳол шинондан диққат хоҳам намуд, — мегӯяд Худованд.
29Дар он рӯзҳо дигар нахоҳанд гуфт:
„Падарон ғӯра хӯрданд, ва дандони писарон кунд шуд“,
30Балки ҳар кас ба гуноҳи худ хоҳад мурд: ҳар одаме ки ғӯра хӯрад, дандонаш кунд хоҳад шуд.
31Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди нав хоҳам баст, —
32На мисли он аҳде ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам; онҳо он аҳди Маро поймол карданд, гарчанде ки Ман оғои онҳо будам, — мегӯяд Худованд.
33Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд,
34Ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: „Худовандро бишносед“, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, — мегӯяд Худованд, — чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».
35Чунин мегӯяд Худованде ки офтобро барои рӯшноии рӯз,
ва қонунҳои моҳ ва ситорагонро барои рӯшноии шаб додааст,
ва баҳрро тавре ба шӯр меоварад, ки мавҷҳояш хурӯш бардорад;
исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
36«Агар ин қонунҳо аз ҳузури Ман барҳам хӯрад, — мегӯяд Худованд, —
он гоҳ насли Исроил низ дигар дар ҳузури Ман
ба таври доимӣ халқ нахоҳанд буд».
37Худованд чунин мегӯяд:
«Агар дар боло чен кардани осмон
ва дар поён тадқиқ намудани асосҳои замин имконпазир бошад,
он гоҳ Ман низ аз тамоми насли Исроил аз боиси ҳар он чи онҳо карданд,
безор хоҳам шуд», — мегӯяд Худованд.
38«Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки ин шаҳр, аз бурҷи Ҳананъил то дарвозаи кунҷакӣ барои Худованд бино хоҳад ёфт.
39Ва боз ресмони андоза дар рӯ ба рӯи он то теппаи Ҷореб берун рафта, сӯи Ҷӯот давр хоҳад зад.
40Ва тамоми водии лошаҳо ва хокистар, ва тамоми саҳро то наҳри Қидрӯн, то гӯшаи дарвозаи аспон ба тарафи шарқ, барои Худованд муқаддас хоҳад буд; дигар ҳаргиз решакан ва хароб нахоҳад шуд».

Currently Selected:

Ирмиё 31: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in