Ирмиё 30
30
БОБИ СИЮМ
Пешгӯӣ дар бораи халосӣ ёфтани Исроил ва Яҳудо.
1Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2«Худованд, Худои Исроил сухан ронда, чунин мегӯяд: ҳамаи суханонеро, ки Ман ба ту гуфтаам, барои худ дар тӯмори китобат бинавис.
3Зеро инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман қавми Худ — Исроил ва Яҳудоро аз асирӣ хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро ба замине ки ба падаронашон додаам, хоҳам баргардонид, ва онҳо онро тасарруф хоҳанд кард».
4Ва ин аст суханоне ки Худованд дар бораи Исроил ва Яҳудо гуфтааст:
5«Худованд чунин мегӯяд: садои хавотирноке шунидем:
тарсу ҳарос аст, ва осоиштагӣ нест.
6Бипурсед ва бубинед, ки оё мард мезояд?
Пас чаро ҳар мардро мебинам,
ки мисли зани зоянда дастҳояш бар камараш мебошад,
ва ҳамаи чеҳраҳо кабуд шудааст?
7Оҳ, чӣ гуна азим аст он рӯз, ки мисл надорад!
Ва ин барои Яъқуб замони тангист,
вале аз он ӯ наҷот хоҳад ёфт.
8Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Ман, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — юғи варо, ки бар гардани туст, дарҳам хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд; ва дигар ба аҷнабиён хизмат нахоҳанд кард,
9Балки ба Худованд Худои худ ва ба Довуд подшоҳи худ, ки барои онҳо аз нав барқарор хоҳам намуд, хизмат хоҳанд кард.
10Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, —
ва эй Исроил, ҳаросон нашав,
зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст,
ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод;
ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист,
ва касе ӯро нахоҳад тарсонид.
11Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, —
то ки туро наҷот диҳам;
зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам,
талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард,
балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод,
вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.
12Зеро ки Худованд чунин мегӯяд:
шикасти ту беилоҷ аст, зарбаи ту ҳалокатовар аст.
13Касе нест, ки даъвои туро муҳокима намояд,
то туро шифо диҳад;
давоҳои шифобахш барои ту нест.
14Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро
намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона
ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам,
барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.
15Чаро ту дар бораи шикасти худ,
дар бораи дарди бедавои худ фиғон мекашӣ?
Барои бисьёрии маъсияти ту,
барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст,
Ман ин корҳоро ба ту кардаам.
16Бинобар ин ҳамаи онҳое ки туро мехӯранд, хӯрда хоҳанд шуд,
ва ҳамаи бадхоҳони ту саросар ба асирӣ хоҳанд рафт,
ва онҳое ки туро яғмо мекунанд, яғмо хоҳанд шуд,
ва ҳамаи тороҷкунандагонатро гирифтори тороҷ хоҳам кард,
17Зеро туро даво хоҳам кард,
ва ҷароҳатҳои туро шифо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, —
чунки туро мардуд номида, мегуфтанд:
„Ин Сион аст, ки касе аҳволашро намепурсад“.
18Худованд чунин мегӯяд:
инак, Ман асирони Яъқубро ба хаймаҳошон хоҳам баргардонид,
ва ба масканҳои ӯ раҳм хоҳам кард,
ва шаҳр бар теппаи худ бино ёфта,
маъбад дар макони худ барпо хоҳад шуд.
19Ва шукргузорӣ ва овози шодкомон аз онҳо берун хоҳад омад;
ва онҳоро афзун хоҳам кард, ва кам нахоҳанд шуд,
ва онҳоро ҷалол хоҳам дод, ва беқадр нахоҳанд шуд.
20Ва писарони ӯ мисли пештара хоҳанд буд,
ва ҷамоати ӯ дар ҳузури Ман поянда хоҳанд шуд,
ва Ман ҳамаи ҷабрпешаҳои ӯро ҷазо хоҳам дод.
21Ва сарвари ӯ аз худи ӯ хоҳад буд,
ва ҳокими ӯ аз даруни ӯ хоҳад баромад,
ва Ман варо муқарраби Худ хоҳам гардонид,
то ки вай ба Ман наздик ояд,
зеро кист, ки ҷуръат намуда, ба Ман наздик ояд? — мегӯяд Худованд.
22Ва шумо қавми Ман хоҳед буд,
ва Ман Худои шумо хоҳам буд».
23Инак, тундбоде бошиддат вазида,
хашми Худованд берун омадааст,
ва тундбод талотум намуда,
бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.
24Оташи ғазаби Худованд,
то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад
ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст;
дар оянда шумо инро фаҳм хоҳед кард.
Currently Selected:
Ирмиё 30: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.