Ирмиё 29
29
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Номаи Ирмиё ба бародароне ки дар асирии Бобил буданд.
1Ва ин аст суханони номае ки Ирмиёи набӣ аз Ерусалим ба бақияи пирони асирон, ва ба коҳинон ва анбиё ва тамоми қавме ки Набукаднесар аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурда буд, фиристод, —
2Баъд аз он ки подшоҳ Еконьё ва малика ва хоҷасароён, мирони Яҳудо ва Ерусалим, ва ҳунармандон ва оҳангарон аз Ерусалим берун омаданд, —
3Ба воситаи Элъосо ибни Шофон ва Ҷамарьё ибни Ҳилқиё, ки онҳоро Сидқиё подшоҳи Яҳудо назди Набукаднесар подшоҳи Бобил ба Бобил фиристода буд:
4«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил ба ҳамаи асироне ки Ман аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ фиристодам, чунин мегӯяд:
5Хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин шавед, ва боғҳо парвариш намуда, меваи онҳоро бихӯред.
6Занон гирифта, писарон ва духтарон ба дуньё оваред, ва занон барои писарони худ бигиред, ва духтарони худро ба шавҳар бидиҳед, то ки писарон ва духтарон ба дуньё оваранд; ва дар он ҷо биафзоед ва кам нашавед.
7Ва осоиштагии он шаҳрро, ки Ман шуморо ба он ҷо ба асирӣ фиристодаам, биталабед, ва барои он пеши Худованд дуо гӯед, зеро ки дар осоиштагии он барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд.
8Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бигзор анбиёи шумо, ки дар миёни шумо ҳастанд, ва соҳирони шумо шуморо фирефта накунанд, ва ба хобгузорони худ, ки ба дилхоҳи шумо хоб диданашонро мехоҳед, гӯш надиҳед,
9Чунки онҳо барои шумо бардурӯғ ба исми Ман нубувват мекунанд, дар сурате ки Ман онҳоро нафиристодаам, — мегӯяд Худованд.
10Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: вақте ки ба Бобил ҳафтод сол пур шавад, Ман шуморо тафаққуд хоҳам кард, ва каломи неки Худро дар ҳаққи шумо ба амал хоҳам овард, то ки шуморо ба ин макон баргардонам.
11Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Худованд, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам.
12Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд.
13Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед.
14Ва Ман барои шумо ёфт хоҳам шуд, — мегӯяд Худованд, — ва шуморо аз асирӣ хоҳам баргардонид, ва шуморо аз миёни ҳамаи халқҳо ва аз ҳамаи маконҳое ки шуморо ба он ҷо бадар рондаам, ҷамъ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва шуморо ба маконе ки аз он ҷо шуморо ба асирӣ фиристодаам, хоҳам баргардонид.
15Шумо мегӯед: „Худованд барои мо дар Бобил анбиё ба майдон овардааст“.
16Худованд дар бораи подшоҳе ки бар тахти Довуд нишастааст, ва дар бораи тамоми қавме ки дар ин шаҳр сокинанд, яъне дар бораи бародарони шумо, ки ҳамроҳи шумо ба асирӣ бурда нашудаанд, чунин мегӯяд, —
17Оре, Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, Ман бар онҳо шамшер ва каҳтӣ ва вабо мефиристам, ва онҳоро мисли анҷирҳои баде ки ба сабаби бадии онҳо хӯрдан мумкин нест, мегардонам;
18Ва онҳоро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо таъқиб хоҳам намуд, ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат, ва дар миёни ҳамаи халқҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба лаънат ва воҳима ва масхара ва нанг табдил хоҳам дод, —
19Чунки онҳо суханони Маро нашниданд, — мегӯяд Худованд, — вақте ки бандагони Худ — анбиёро назди онҳо фиристодам, — ҳар рӯз аз субҳидам фиристодам, вале шумо нашнидед, — мегӯяд Худованд.
20Ва шумо, эй ҳамаи асироне ки аз Ерусалим ба Бобил фиристодаам, каломи Худовандро бишнавед!
21Худованди лашкарҳо, Худои Исроил дар бораи Аҳъоб ибни Қӯлоё ва дар бораи Сидқиё ибни Маасиё, ки ба исми Ман ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, чунин мегӯяд: инак, Ман онҳоро ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро дар пеши назари шумо хоҳад кушт.
22Ва номи онҳоро ҳамаи асирони Яҳудо, ки дар Бобил мебошанд, барои лаънат ба забон гирифта, хоҳанд гуфт: „Худованд туро мисли Сидқиё ва Аҳъоб гардонад, ки подшоҳи Бобил онҳоро дар оташ бирьён карда буд“.
23Чунки онҳо дар Исроил кори зиште карданд: бо занони ёрони худ зино карданд ва ба исми Ман сухани дурӯғ гуфтанд, ки онро Ман ба онҳо амр нафармудаам; ва Ман аз ин вуқуф дорам ва шоҳид ҳастам, — мегӯяд Худованд.
24Ва ба Шамаъёи Неҳеломӣ бигӯй:
25Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски ту аз номи худ ба тамоми қавме ки дар Ерусалим мебошанд, ва ба Сафаньё ибни Маасиёи коҳин, ва ба ҳамаи коҳинон номаҳо фиристода, гуфтаӣ:
26„Худованд туро ба ҷои Еҳӯёдои коҳин ба коҳинӣ гузоштааст, то ғамхорӣ намоӣ дар бораи он ки дар хонаи Худованд бар ҳар шахси маҷнун ва нубувваткунанда нозирон бошанд, ва ту варо дар шиканҷагоҳ ва дар ишкел андозӣ;
27Пас чаро ту бар Ирмиёи Анотӯтӣ, ки назди шумо худро набӣ вонамуд мекунад, итоб нанамудаӣ?
28Зеро ки ӯ назди мо низ ба Бобил фиристода, гуфтааст: асирӣ муддати дуру дароз давом хоҳад кард; хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин шавед, ва боғҳо парвариш намуда, меваи онҳоро бихӯред“».
29Ва Сафаньёи коҳин ин номаро ба гӯши Ирмиёи набӣ хонд.
30Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
31«Назди ҳамаи асирон фиристода, бигӯй: „Худованд дар бораи Шамаъёи Неҳеломӣ чунин мегӯяд: азбаски Шамаъё ба шумо нубувват мекунад, ва ҳол он ки Ман ӯро нафиристодаам, ва ӯ шуморо бардурӯғ умедвор менамояд, —
32Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман Шамаъёи Неҳеломӣ ва насли ӯро ҷазо хоҳам дод: ӯро касе нахоҳад буд, ки дар миёни ин қавм сокин бошад, ва он некиро, ки Ман барои қавми Худ мекунам, ӯ нахоҳад дид, — мегӯяд Худованд, — зеро ки ӯ бар хилофи Худованд сухан рондааст“».
Currently Selected:
Ирмиё 29: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.