YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 28

28
БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Давоми масал дар бораи юғ.
Нубуввати дурӯғи Ҳананьё ва мамоти ӯ.
1Ва дар ҳамон сол, — дар ибтидои подшоҳии Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар соли чорум, дар моҳи панҷум, — Ҳананьё ибни Азури набӣ, ки аз Ҷибъӯн буд, дар хонаи Худованд, дар пеши назари коҳинон ва тамоми қавм ба ман рӯ оварда, гуфт:
2«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст:
3Баъд аз ду сол Ман ҳамаи зарфҳои хонаи Худовандро, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил аз ин макон гирифта ба Бобил бурд, ба ин макон хоҳам баргардонид.
4Ва Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи асирони Яҳудоро, ки ба Бобил рафтаанд, Ман ба ин макон хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — зеро ки юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст».
5Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ дар пеши назари коҳинон ва дар пеши назари тамоми қавме ки дар хонаи Худованд истода буданд, гуфт —
6Ва Ирмиёи набӣ гуфт: «Омин! Бигзор Худованд чунин бикунад! Бигзор Худованд суханони туро, ки бо онҳо нубувват кардӣ, ба амал оварда, зарфҳои хонаи Худованд ва ҳамаи асиронро аз Бобил ба ин макон баргардонад!
7Аммо ин каломро, ки ман ба гӯши ту ва гӯши тамоми қавм мегӯям, бишнав:
8Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд.
9Аммо набие ки осоиштагиро нубувват мекунад, фақат баъд аз он ки каломи ин набӣ ба амал ояд, ӯ ҳамчун набие шинохта хоҳад шуд, ки ӯро ҳақиқатан Худованд фиристодааст».
10Он гоҳ Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифт, ва онро дарҳам шикаст.
11Ва Ҳананьё дар пеши назари тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: юғи Набукаднесар подшоҳи Бобилро баъд аз ду сол аз гардани ҳамаи халқҳо ҳамин тавр дарҳам хоҳам шикаст». Ва Ирмиё ба роҳи худ рафт.
12Ва баъд аз он ки Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифта дарҳам шикаст, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
13«Бирав ва ба Ҳананьё бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: юғҳои чӯбинро шикастӣ, вале ба ҷои онҳо юғҳои оҳанин хоҳӣ сохт.
14Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман юғи оҳанин бар гардани ҳамаи ин халқҳо гузоштам, то ки ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кунанд, ва онҳо хизмат хоҳанд кард; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам“».
15Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ гуфт: «Бишнав, эй Ҳананьё! Худованд туро нафиристодааст, ва ту қавмро бардурӯғ умедвор мекунӣ.
16Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман туро аз рӯи замин дур меандозам! Имсол ту хоҳӣ мурд, зеро ки бар хилофи Худованд сухан рондаӣ“».
17Ва Ҳананьёи набӣ ҳамон сол, дар моҳи ҳафтум мурд.

Currently Selected:

Ирмиё 28: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 28