YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 27

27
БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Масал дар бораи юғ.
1Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2Худованд ба ман чунин гуфт: «Бандҳо ва юғҳо барои худ бисоз, ва онҳоро бар гардани худ бимон.
3Ва онҳоро назди подшоҳи Адӯм, ва подшоҳи Мӯоб, ва подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ва подшоҳи Сӯр, ва подшоҳи Сидӯн ба воситаи қосидоне ки ба Ерусалим назди Сидқиё подшоҳи Яҳудо меоянд, бифирист.
4Ва ба онҳо амр фармо, ки ба оғоёин худ бигӯянд: „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: ба оғоёни худ чунин бигӯед:
5Ман замин, одамизод ва чорпоёнеро, ки бар рӯи заминанд, бо қудрати азими Худ ва бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардам, ва онро ба касе ки дар назари Ман писанд омад, додам.
6Ва алҳол Ман ҳамаи ин заминҳоро ба дасти бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил супурдам; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам, то ки хизмати ӯро ба ҷо оваранд.
7Ва ҳамаи халқҳо ба ӯ, ва ба писараш, ва ба писари писараш хизмат хоҳанд кард, то замоне ки навбати замини ӯ низ бирасад, ва он гоҳ халқҳои бисьёр ва подшоҳони бузург ӯро бандаи худ хоҳанд гардонид.
8Ва агар халқе ва мамлакате ба ӯ, яъне ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кардан нахоҳанд, ва гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам накунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — он халқро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод, то онҳоро бо дасти ӯ талаф намоям.
9Ва шумо ба анбиёи худ, ва ба соҳирони худ, ва ба хобгузорони худ, ва ба фолбинони худ, ва ба ҷодугарони худ, ки ба шумо мегӯянд: «Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард», — гӯш надиҳед,
10Зеро онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки шуморо аз заминатон дур созанд, ва Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед.
11Валекин халқе ки гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам карда, ба ӯ хизмат мекунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — онҳоро бар заминашон хоҳам гузошт, ва онҳо онро киштукор хоҳанд кард ва дар он сокин хоҳанд шуд“».
12Ва ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо ман ҳамаи ин суханонро ба забон оварда, гуфтам: «Гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам кунед, ва ба ӯ ва қавми ӯ хизмат кунед, — ва зинда хоҳед монд.
13Чаро ту ва қавми ту аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо бимиред, чунон ки Худованд дар бораи халқе ки ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳанд кард, гуфтааст?
14Ва ба суханони анбиёе ки ба шумо мегӯянд: „Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард“, гӯш надиҳед, чунки онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд.
15Зеро Ман онҳоро нафиристодаам, — мегӯяд Худованд, — балки онҳо ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед, — шумо ва анбиёе ки ба шумо нубувват мекунанд».
16Ва ба коҳинон ва тамоми ин қавм ман рӯ оварда, гуфтам: «Худованд чунин мегӯяд: ба суханони анбиёи худ, ки ба шумо нубувват карда, мегӯянд: „Инак, зарфҳои хонаи Худованд акнун ба зудӣ аз Бобил баргардонида хоҳад шуд“, гӯш надиҳед, зеро ки онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд.
17Ба онҳо гӯш надиҳед, ба подшоҳи Бобил хизмат кунед ва зинда монед; чаро ин шаҳр харобазор шавад?
18Ва агар онҳо анбиё бошанд, ва агар каломи Худованд бо онҳо бошад, бигзор пеши Худованди лашкарҳо шафоат намоянд, ки зарфҳое ки дар хонаи Худованд, ва дар хонаи подшоҳи Яҳудо, ва дар Ерусалим боқӣ мондааст, ба Бобил бурда нашавад.
19Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд дар бораи сутунҳо ва обанбор ва пояҳо ва дигар зарфҳое ки дар ин шаҳр боқӣ мондааст,
20Ки онҳоро Набукаднесар подшоҳи Бобил нагирифтааст, ҳангоме ки Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи мирони Яҳудо ва Ерусалимро аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурдааст, —
21Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил дар бораи зарфҳое ки дар хонаи Худованд ва дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим боқӣ мондааст, чунин мегӯяд:
22Онҳо ба Бобил бурда хоҳад шуд ва то рӯзе ки Ман онҳоро тафаққуд намоям, дар он ҷо хоҳад монд, — мегӯяд Худованд; — ва он гоҳ онҳоро берун оварда, ба ин макон хоҳам баргардонид».

Currently Selected:

Ирмиё 27: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 27