Ирмиё 26
26
БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Ирмиё дар саҳни маъбад ба тавба даъват менамояд.
1Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2«Худованд чунин мегӯяд: дар саҳни хонаи Худованд биист ва ба ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ки ба хонаи Худо барои саҷда кардан меоянд, ҳамаи суханонеро, ки ба ту амр фармудаам, ки ба онҳо бигӯӣ, бигӯй, ва калимае кам накун.
3Шояд онҳо бишнаванд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва он гоҳ Ман мусибатеро, ки мехоҳам бар онҳо барои аъмоли бадашон биёрам, ботил хоҳам кард.
4Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: агар шумо Маро нашнавед дар бораи он ки бар тибқи шариати Ман, ки пеши шумо гузоштаам, рафтор намоед,
5Ва ба суханони бандагони Ман, анбиёе ки назди шумо мефиристам, гӯш андозед, — ва ҳол он ки ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро мефиристам, вале шумо гӯш наандохтаед, —
6Пас ин хонаро Ман мисли Шилӯ хоҳам гардонид, ва ин шаҳрро барои ҳамаи халқҳои замин рамзи лаънат хоҳам сохт“».
7Ва коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ин суханонро, ки Ирмиё дар хонаи Худованд гуфт, шуниданд.
8Ва чун Ирмиё гуфтани ҳар он чиро, ки Худованд амр фармуда буд, ки ба тамоми халқ бигӯяд, ба итмом расонид, коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ӯро дастгир карда, гуфтанд: «Ту бояд бимирӣ!
9Чаро ту ба исми Худованд нубувват карда гуфтӣ, ки ин хона мисли Шилӯ хоҳад шуд, ва ин шаҳр валангор ва ғайримаскун хоҳад гардид?» Ва тамоми қавм дар хонаи Худованд дар гирди Ирмиё ҷамъ омаданд.
10Ва ҳангоме ки мирони Яҳудо ин чизҳоро шуниданд, аз хонаи подшоҳ баромада, ба даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд нишастанд.
11Ва коҳинон ва анбиё ба мирон ва тамоми қавм рӯ оварда, гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл аст, зеро ки дар ҳаққи ин шаҳр нубувват намуд, чунон ки ба гӯшҳои худ шунидед».
12Валекин Ирмиё ба ҳамаи мирон ва тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд маро фиристодааст, то дар ҳаққи ин хона ва ин шаҳр ҳамаи суханонеро, ки шунидед, нубувват намоям.
13Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.
14Дар хусуси ман бошад, инак, ман дар дасти шумо ҳастам: он чи ба назари шумо дуруст ва ҳаққонӣ намояд, бо ман бикунед.
15Аммо яқинан бидонед, ки агар шумо маро ба қатл расонед, хуни бегуноҳеро шумо бар худатон ва бар ин шаҳр ва бар сокинони он хоҳед гузошт, зеро ки ба ростӣ Худованд маро фиристодааст, то ки ҳамаи ин суханонро ба гӯши шумо баён намоям».
16Он гоҳ мирон ва тамоми қавм ба коҳинон ва анбиё гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл нест, зеро ки ба исми Худованд Худои мо ба мо сухан рондааст».
17Ва баъзе аз пирони замин бархостанд ва ба тамоми ҷамъомади қавм рӯ оварда, гуфтаанд:
18«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт:
„Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд,
ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт,
ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.
19Оё Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва тамоми Яҳудо ӯро қатл карданд? Не, вай аз Худованд тарсид ва пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва Худованд аз мусибате ки дар бораи онҳо фармуда буд, пушаймон шуд; валекин мо мусибати азиме бар ҷонҳои худ меоварем!»
Мамоти Уриёи набӣ.
20Боз Уриё ибни Шамаъё ном шахси дигаре аз Қирьят‐Еорим буд, ки ба исми Худованд нубувват менамуд, ва дар бораи ин шаҳр ва ин замин айнан мисли суханони Ирмиё нубувват кард.
21Ва ҳангоме ки подшоҳ Еҳӯёқим, ва тамоми акобираш, ва ҳамаи мирон суханони ӯро шуниданд, подшоҳ хост ӯро ба қатл расонад; ва Уриё инро шунида, тарсид ва гурехта, ба Миср рафт.
22Ва подшоҳ Еҳӯёқим ба Миср одам фиристод: Элнотон ибни Акбӯр ва чанд касро бо вай ба Миср равона кард.
23Ва онҳо Уриёро аз Миср бароварданд, ва ӯро назди подшоҳ Еҳӯёқим оварданд, ва ӯро вай ба дами шамшер қатл кард, ва ҷасади ӯро дар қабристони мардуми оддӣ партофт.
24Аммо дасти Аҳиқом ибни Шофон бо Ирмиё буд, то ки ӯро ба дасти қавм барои куштан насупорад.
Currently Selected:
Ирмиё 26: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.