YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 25

25
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Нубувват дар бораи асирии ҳафтодсола.
Таназзули Бобил.
1Каломе ки бар Ирмиё дар бораи тамоми қавми Яҳудо дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, ки соли якуми Набукаднесар подшоҳи Бобил буд, нозил шуд,
2Ки онро Ирмиёи набӣ ба тамоми қавми Яҳудо ва ба ҳамаи сокинони Ерусалим баён намуда, гуфт:
3«Аз соли сездаҳуми Йӯшиё ибни Омӯн подшоҳи Яҳудо ва то имрӯз, яъне бисту се сол боз, каломи Худованд бар ман нозил мешуд, ва ман онро ба шумо мегуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан мерондам, валекин шумо нашнидед.
4Ва Худованд ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристод, ҳар рӯз аз субҳидам мефиристод, вале шумо нашнидед ва гӯши худро хам накардед, то бишнавед
5Он чиро, ки ба шумо гуфта шуд: „Ҳар яке аз роҳи бади худ ва аз аъмоли шариронаи худ баргардед, ва ба замине ки Худованд ба шумо ва падаронатон аз азал то абад додааст, сукунат кунед;
6Ва аз қафои худоёни дигар наравед, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда намоед; ва Маро бо маснӯи дастҳои худ ба ғазаб наоваред, ва Ман ба шумо осебе нахоҳам расонид“.
7Валекин шумо Маро нашнидед, — мегӯяд Худованд, — балки бо маснӯи дастҳои худ Маро ба зарари худ ба ғазаб овардед.
8Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: азбаски шумо суханони Маро нашнидед,
9Инак, Ман мефиристам ва ҳамаи қабилаҳои шимолро бо бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил гирифта, онҳоро бар ин замин ва бар сокинонаш ва бар ҳамаи халқҳои гирду атрофи он меоварам; ва онҳоро талаф намуда, даҳшат ва масхара ва харобазори абадӣ мегардонам.
10Ва аз миёни онҳо садои шодӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯс, садои дастос ва нури чароғро нест мекунам.
11Ва тамоми ин замин вайрона ва биёбон хоҳад шуд; ва ин халқҳо ҳафтод сол ба подшоҳи Бобил бандагӣ хоҳанд кард.
12Ва воқеъ хоҳад шуд, ки баъд аз гузаштани ҳафтод сол Ман, — мегӯяд Худованд, — подшоҳи Бобил ва он қавм ва замини калдониёнро барои гуноҳашон гирифтори ҷазо хоҳам кард, ва онро биёбони абадӣ хоҳам гардонид.
13Ва бар он замин Ман ҳамаи суханони Худро, ки дар бораи он гуфтаам, яъне ҳар чи дар ин китоб навишта шудааст, ки Ирмиё онро дар бораи ҳамаи халқҳо нубувват кардааст, ба амал хоҳам овард,
14Зеро ки онҳоро низ халқҳои бисьёр ва подшоҳони бузург гирифтори асорат хоҳанд кард; ва Ман подоши онҳоро мувофиқи кирдорашон ва бар тибқи амали дастҳошон хоҳам дод».
Масал дар бораи косаи шароби ғазаб.
15Зеро ки Худованд, Худои Исроил ба ман чунин гуфт: «Ин косаи шароби ғазабро аз дасти Ман бигир ва онро ба ҳамаи халқҳое ки туро назди онҳо мефиристам, бинӯшон,
16То онҳо нӯшида, аз шамшере ки андаруни онҳо мефиристам, ба изтироб оянд ва девона шаванд».
17Ва ман косаро аз дасти Худованд гирифтам ва ба ҳамаи халқҳое ки Худованд маро назди онҳо фиристод, нӯшонидам:
18Ба Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ва ба подшоҳонаш ва миронаш, то ки онҳоро вайронаю валангор ва мавриди масхараю лаънат гардонам, чунон ки имрӯз аст;
19Ва ба фиръавн подшоҳи Миср ва бандагонаш ва миронаш ва тамоми қавмаш;
20Ва ба тамоми халқи махлут, ва ба ҳамаи подшоҳони замини Ус, ва ба ҳамаи подшоҳони замини Фалиштӣ, ва ба Ашқалӯн ва Ғазза ва Эқрӯн ва бақияи Ашдӯд;
21Ва ба Адӯм ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн;
22Ва ба ҳамаи подшохони Сӯр, ва ба ҳамаи подшоҳони Сидӯн, ва ба ҳамаи подшоҳони ҷазираҳое ки дар он тарафи баҳр воқеанд;
23Ва ба Дадон ва Темо ва Буз, ва ба ҳамаи онҳое ки мӯи чаккаи худро метарошанд;
24Ва ба ҳамаи подшоҳони араб, ва ба ҳамаи подшоҳони халқҳои махлут, ки дар биёбон сокинанд;
25Ва ба ҳамаи подшоҳони Зимрӣ, ва ба ҳамаи подшоҳони Элом, ва ба ҳамаи подшоҳони Модай;
26Ва ба ҳамаи подшоҳони шимолии наздик ва дур яке аз паси дигаре, ва ба ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, ки бар рӯи замин мебошанд; ва подшоҳи Шешак баъд аз онҳо хоҳад нӯшид.
27Ва ба онҳо бигӯй: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бинӯшед, ва маст шавед ва қай кунед, ва биафтед, ва аз шамшере ки Ман ба миёни шумо мефиристам, барнахезед».
28Ва агар онҳо аз гирифтани коса аз дасти ту ва нӯшидани он шароб рӯй гардонанд, он гоҳ ба онҳо бигӯй: «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ҳатман хоҳед нӯшид!
29Зеро инак, Ман ба овардани мусибат бар шаҳре ки ба исми Ман номида шудааст, шурӯъ хоҳам кард, ва оё шумо беҷазо хоҳед монд? Беҷазо нахоҳед монд! Зеро Ман бар ҳамаи сокинони замин шамшерро хоҳам хонд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо».
30Пас ту дар ҳаққи ҳамаашоно ҳамаи ин суханонро нубувват намо, ва ба онҳо бигӯй:
«„Худованд аз афроз ғурриш мекунад,
ва аз маскани муқаддаси Худ овози Худро мебарорад;
бар чарогоҳи Худ бошиддат ғурриш мекунад;
мисли онҳое ки ангур пахш мекунанд,
бар ҳамаи сокинони замин бонг мезанад.
31Ғулғулаи он то ақсои замин мерасад,
зеро ки Худованд ба халқҳо даъво дорад:
Ӯ бар ҳар башар доварӣ менамояд,
шариронро ба дами шамшер месупорад, — мегӯяд Худованд“.
32Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
инак, мусибат аз халқе ба халқе мегузарад,
ва тундбоди азиме аз ақсои замин бармехезад.
33Ва дар он рӯз мақтулони Худованд аз як канори замин то канори дигари замин хоҳанд буд; барои онҳо мотам нахоҳанд гирифт, ва онҳоро ҷамъ нахоҳанд кард ва дафн нахоҳанд намуд: онҳо мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд.
34Нола кунед, эй чӯпонон!
Фиғон кашида, бар хокистар ғел занед, эй пешвоёни рама!
Зеро ки айёми қатли шумо расидааст,
ва Ман шуморо шикаста пора‐пора хоҳам кард,
ва мисли зарфи гаронбаҳое хоҳед афтод.
35Ва паноҳгоҳе барои чӯпонон,
ва наҷоте барои пешвоёни рама нахоҳад буд.
36Садои фиғони чӯпонон ва нолаи пешвоёни рама
ба гӯш мерасад,
зеро ки Худованд чарогоҳи онҳоро валангор кардааст.
37Ва иқоматгоҳҳои осоиштагӣ
аз шиддати ғазаби Худованд хароб шудааст.
38Ӯ мисли шери ҷавон лонаи Худро тарк кардааст;
зеро ки замини онҳо аз хашми ситамгар
ва аз оташи ғазаби Ӯ биёбон гардидааст».

Currently Selected:

Ирмиё 25: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in