Ирмиё 24
24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Масал дар бораи анҷирҳои нек ва бад.
Як қисми Яҳудо аз нав барқарор хоҳад шуд.
1Худованд ба ман намоён кард: ва инак, ду сабад анҷир пеши маъбади Худованд гузошта шудааст, — пас аз он ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудоро бо мирони Яҳудо ва ҳунармандон ва оҳангарон аз Ерусалим асир карда, ба Бобил бурд.
2Дар як сабад анҷири бағоят нек мисли анҷири пешпазак буд, ва дар сабади дуюм анҷири бағоят бад буд, ки ба сабаби бадии он хӯрдан мумкин набуд.
3Ва Худованд ба ман гуфт: «Ту, эй Ирмиё, чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Анҷир! Анҷирҳои нек бағоят нек аст, ва анҷирҳои бад бағоят бад аст, ки ба сабаби бадии он хӯрдан мумкин нест».
4Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
5«Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки ин анҷирҳо нек аст, ончунон Ман асирони Яҳудоро, ки аз ин макон ба замини калдониён фиристодаам, ба некӣ хоҳам шинохт;
6Ва бар онҳо ба некӣ назар хоҳам кард, ва онҳоро ба ин замин хоҳам баргардонид, ва онҳоро бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва мисли ниҳоле шинонида, решакан нахоҳам кард;
7Ва диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, зеро ки онҳо бо тамоми дили худ сӯи Ман хоҳанд баргашт.
8Ва чунон ки анҷирҳои бадро ба сабаби бадии онҳо хӯрдан мумкин нест, — мегӯяд Худованд, — ончунон Ман Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯ ва бақияи Ерусалимро, ки дар ин замин боқӣ мондаанд, ва онҳоеро, ки дар замини Миср сокинанд, хоҳам гардонид;
9Ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат ва мусибат, ва дар ҳамаи маконҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба нанг ва масал, ба масхара ва лаънат табдил хоҳам дод;
10Ва ба зидди онҳо шамшер, қаҳтӣ ва ваборо хоҳам фиристод, то аз замине ки ба онҳо ва падаронашон додаам, нест шаванд».
Currently Selected:
Ирмиё 24: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.