YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 23

23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Дар оянда аз нав барқарор шудани Исроил.
Ғазаби Худо бар чӯпонони бевафо.
1«Вой бар чӯпононе ки гӯсфандони рамаи Маро гумроҳ ва пароканда мекунанд!» — мегӯяд Худованд.
2Бинобар ин Худованд, Худои Исроил ба чӯпононе ки қавми маро мечаронанд, чунин мегӯяд: «Шумо рамаи Маро пароканда намудаед ва бадар рондаед, ва ба онҳо нигоҳубин накардаед, — инак, Ман шуморо барои корҳои бадатон ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд.
3Ва Ман бақияи рамаи Худро аз ҳамаи заминҳое ки ба он ҷо бадар рондаам, ҷамъ хоҳам кард, ва онҳоро ба чарогоҳҳошон хоҳам баргардонид, ва онҳо борвар ва афзун хоҳанд шуд.
4Ва бар онҳо чӯпононро таъин хоҳам намуд, ки онҳоро бичаронанд; ва онҳо дигар ҳаросон ва мушавваш ва саргум нахоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.
5Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, —
ки Ман Шохаи одиле барои Довуд барқарор хоҳам намуд,
ва Подшоҳе салтанат хоҳад ронд, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд,
ва инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.
6Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт,
ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд;
ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд:
„Худованд — адолати мо“.
7Бинобар ин, инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки дигар гуфта нахоҳад шуд: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун овард“,
8Балки: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини шимолӣ ва аз ҳамаи заминҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар ронда буд, берун овард“; ва онҳо дар замини худ сокин хоҳанд шуд».
9Дар бораи анбиё.
Дили ман андаруни ман шикастааст,
ҳамаи устухонҳои маро ларза гирифтааст;
мисли шахси масте гардидаам,
ва мисли марде ки шароб бар вай ғолиб омада бошад;
ин ҳама аз баҳри Худованд аст,
аз баҳри суханони муқаддаси Ӯ:
10Зеро ки замин аз зинокорон пур шудааст;
зеро ки замин аз боиси лаънат мотам гирифтааст,
ва чарогоҳҳои биёбон хушкидааст;
зеро ки шарорат иштиёқи онҳост,
ва кизб қуввати онҳост.
11«Зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин риёкорӣ мекунанд;
ҳатто дар хонаи Худ шарорати онҳоро ёфтаам,
— мегӯяд Худованд. —
12Бинобар ин, роҳашон барои онҳо
мисли ҷойҳои лағжонак дар торикӣ хоҳад буд;
Онҳоро тела хоҳанд дод, ва онҳо дар он ҷо хоҳанд афтод,
зеро ки Ман бар онҳо мусибате дар соли ҷазояшон хоҳам овард.
13Ва Ман дар миёни анбиёи Сомария чизҳои ҳеҷу пучро дидаам:
онҳо ба исми Баал нубувват карда, қавми Ман — Исроилро дар иштибоҳ андохтаанд.
14Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам:
онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд,
ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд,
бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд;
ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм,
ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд».
15Бинобар ин Худованди лашкарҳо дар бораи анбиё чунин мегӯяд:
«Инак, Ман онҳоро явшон хоҳам хӯронид,
ва онҳоро оби заҳрдор хоҳам нӯшонид,
зеро ки аз анбиёи Ерусалим риё дар тамоми замин паҳн шудааст».
16Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Ба суханони анбиё, ки барои шумо нубувват мекунанд, гӯш надиҳед:
онҳо шуморо дар иштибоҳ андохта, рӯъёи дили худро баён менамоянд,
на он чиро, ки аз даҳони Худо бошад.
17Ба бадгӯёни Ман ҳамеша мегӯянд:
„Худованд гуфт, ки барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд“.
Ва ба ҳамаи онҳое ки ба саркашии дили худ рафтор мекунанд, мегӯянд:
„Мусибате бар шумо нахоҳад омад“».
18Зеро, кист, ки дар машварати Худованд истода,
каломи Ӯро дида ва шунида бошад?
Кист, ки ба каломи Ӯ гӯш дода ва сарфаҳм рафта бошад?
19Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст,
ва тундбод чарх зада,
бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.
20Оташи ғазаби Худованд,
то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст;
дар оянда шумо инро ба хубӣ фаҳм хоҳед кард.
21«Ин анбиёро Ман нафиристодаам, балки худашон давидаанд;
ба онҳо сухане нагуфтаам, балки худашон нубувват кардаанд.
22Ва агар онҳо дар машварати Ман меистоданд,
мебоист суханони Маро ба қавми Ман мефаҳмонданд,
ва онҳоро аз роҳи бадашон
ва аз аъмоли шариронаашон мегардонданд.
23Оё Ман фақат аз наздик Худо ҳастам, — мегӯяд Худованд, —
ва аз дур Худо нестам?
24Агар касе дар ҷои махфие пинҳон шавад,
оё Ман варо намебинам? — мегӯяд Худованд.
Оё Ман замин ва осмонро пур намекунам? — мегӯяд Худованд.
25Он чиро, ки ин анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват кардаанд, шунидаам;
онҳо мегӯянд: „Хоб дидаам, хоб дидаам“.
26То ба кай ин дар дили анбиёе ки бардурӯғ нубувват мекунанд ва анбиёи фиреби дили худ мебошанд, хоҳад буд,
27Ки онҳо ба воситаи хобҳои худ, ки ба ҳамдигар нақл мекунанд, мехоҳанд қавми Маро ба фаромӯш кардани исми Ман оварда расонанд, чунон ки падарони онҳо исми Маро аз барои Баал фаромӯш карданд?
28Набие ки хоб дида бошад, бигзор хобашро нақл кунад, ва касе ки каломи Ман дар ӯст, каломи Маро ба ростӣ баён намояд; коҳро бо гандум чӣ кор аст? — мегӯяд Худованд.
29Каломи Ман, охир, мисли оташ аст, — мегӯяд Худованд, — ва мисли болға сахраро пора‐пора мекунад.
30Бинобар ин, инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди анбиёе ҳастам, ки суханони Маро аз ҳамдигар медузданд.
31Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди анбиёе ҳастам, ки забони худро ба кор андохта, нутқ эрод мекунанд.
32Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ҳастам, ки дар асоси хобҳои дурӯғ нубувват мекунанд, ва он хобҳоро нақл намуда, қавми Маро бо дурӯғгӯиҳо ва бемулоҳизагии худ дар иштибоҳ меандозанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам ва амр нафармудаам, ва онҳо ба ин қавм ҳеҷ манфиате нахоҳанд расонид, — мегӯяд Худованд.
33Ва агар ин қавм, ё набӣ, ё коҳин аз ту пурсида, гӯянд: „Бори#23:33 Дар нусхаи асли ибронӣ калимаи «массо» ба кор бурда шудааст, ки маънояш ҳам «ваҳй» аст ва ҳам «бор». Агарчи лозим аст, ки «ваҳйи Худованд» гӯянд, аммо анбиёи козиб барои истеҳзо кардан маънои дуюми калимаро ба забон оварда, «бори Худованд» мегӯянд. Худованд чист?“ — пас ба онҳо бигӯй: „Кадом бор? Ман шуморо тарк хоҳам кард, — мегӯяд Худованд“.
34Ва ҳар гоҳ набӣ ва коҳин ва қавм бигӯянд: „Бори Худованд“, — Ман он шахс ва хонаи вайро гирифтори ҷазо хоҳам кард.
35Ҳар яке ба ёри худ ва бародари худ чунин бигӯед: „Худованд чӣ ҷавобе додааст?“ ва „Худованд чӣ гуфтааст?“
36Валекин „бори Худованд“‐ро дигар зикр накунед, зеро ки бор барои кас сухане ки вай мегӯяд, хоҳад буд, ва ҳол он ки шумо суханони Худои Ҳай, Худованди лашкарҳо, Худои моро таҳриф намудаед.
37Ба набӣ чунин бигӯй: „Худованд ба ту чӣ ҷавобе додааст?“ ва „Худованд чӣ гуфтааст?“
38Ва агар „бори Худованд“ бигӯед, пас Худованд чунин мегӯяд: азбаски шумо ин суханро, яъне „бори Худованд“‐ро гуфтаед, дар сурате ки Ман назди шумо фиристода, фармудаам, ки „бори Худованд“ нагӯед, —
39Бинобар ин инак, Ман шуморо тамоман фаромӯш хоҳам кард, ва шумо ва он шаҳреро, ки ба шумо ва падаронатон додаам, аз ҳузури Худ рад хоҳам намуд;
40Ва нанги абадӣ ва хиҷолати абадиро бар шумо хоҳам овард, ки он фаромӯш нахоҳад шуд».

Currently Selected:

Ирмиё 23: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 23