Ирмиё 22
22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Охири нубувват.
1Худованд чунин гуфт: «Ба хонаи подшоҳи Яҳудо фурӯд ой ва дар он ҷо ин каломро ба забон бирон,
2Ва бигӯй: каломи Худовандро бишнав, эй подшоҳи Яҳудо, ки бар тахти Довуд нишастаӣ, — ту, ва бандагони ту, ва қавми ту, ки ба ин дарвоза дохил мешаванд.
3Худованд чунин мегӯяд: адолат ва инсофро ба амал оваред ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; ва ғариб, ятим ва беваро озор надиҳед ва зулм накунед, ва хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед.
4Зеро агар шумо ин каломро ҳақиқатан ба ҷо оваред, он гоҳ подшоҳоне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон, ва бандагонашон, ва қавмашон, — ба дарвозаи ин хона дохил хоҳанд шуд.
5Вале агар шумо ин суханонро нашнавед, ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки ин хона ба харобазор мубаддал хоҳад шуд.
6Зеро ки Худованд дар бораи хонаи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:
ту барои Ман Ҷилъод ва қуллаи Лубнон будӣ,
аммо ба яқин туро биёбоне мисли
шаҳрҳои ғайримаскун хоҳам гардонид,
7Ва бар зидди ту харобкунандагонро,
ки ҳар яке бо олоти худ бошад, тақдис хоҳам намуд,
ва онҳо арзҳои гузини туро бурида, дар оташ хоҳанд андохт.
8Ва халқҳои бисьёр аз ин шаҳр хоҳанд гузашт ва ба якдигар хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин шаҳри бузург чунин кардааст?“
9Ва дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки аҳди Худованд Худои худро тарк кардаанд, ва ба худоёни дигар саҷда ва ибодат намудаанд“».
10Барои мурда гирья накунед ва барои ӯ мотам нагиред,
балки барои касе ки меравад, зор‐зор бигирьед,
зеро ки ӯ дигар нахоҳад баргашт
ва замини зодгоҳи худро нахоҳад дид.
11Зеро Худованд дар бораи Шаллум ибни Йӯшиё, подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷои падараш Йӯшиё подшоҳ шуда, аз он макон берун рафтааст, чунин мегӯяд: «Ӯ дигар ба он ҷо нахоҳад баргашт,
12Балки дар маконе ки ӯро ба асирӣ бурдаанд, хоҳад мурд ва ин заминро дигар нахоҳад дид».
13«Вой бар касе ки хонаи худро ба ноинсофӣ,
ва болохонаҳояшро ба беадолатӣ бино мекунад:
ёри худро муфт кор фармуда, музди варо намедиҳад,
14Ва мегӯяд: „Барои худ хонаи калон
ва болохонаҳои фарох бино мекунам“, —
ва тирезаҳо барои худ мекушояд,
ва онҳоро бо чӯби арз рӯйбаст менамояд ва бо шангарф ранг мекунад.
15Оё ба он сабаб, ки аз арз биноҳо месозӣ, ту подшоҳӣ хоҳӣ кард?
Падарат, охир, мехӯрд ва менӯшид,
вале адолат ва инсофро риоя менамуд,
бинобар ин аҳволаш хуб буд.
16Ӯ ба мискин ва бенаво додрасӣ мекард, бинобар ин аҳволаш хуб буд.
Маҳз ҳамин аст шинохтани Ман, — мегӯяд Худованд.
17Аммо чашмони ту ва дили ту фақат ба тамаъкорӣ,
ва ба рехтани хуни бегуноҳон,
ва ба зулму ситам кардан нигаронида шудааст».
18Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:
«Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард:
„Эй вой бародарам!“ ва „Эй вой хоҳарам!“
Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард:
„Эй вой оғо!“ ва „Эй вой кибриё!“
19Мисли дафни хар мадфун хоҳад шуд:
ҷасадашро кашида бароварда,
дуртар аз дарвозаи Ерусалим хоҳанд партофт».
20«Бар Лубнон баромада, фарьёд зан,
ва бар Бошон овозатро баланд кун, ва аз Аборим фарьёд зан,
зеро ки ҳамаи дӯстдоронат шикаст хӯрдаанд.
21Дар вақти некрӯзият туро таъкид карда будам,
аммо ту гуфтӣ:
„Нахоҳам шунид!“
Роҳи ту аз ҷавоният ҳамин буд, ки овози Маро нашнавӣ.
22Ҳамаи чӯпонони туро бод хоҳад бурд,
ва дӯстдорони ту ба асирӣ хоҳанд рафт;
он гоҳ аз тамоми шарорати худ хиҷил ва шармсор хоҳӣ шуд.
23Эй, ки бар Лубнон нишастаӣ, ва бар арзҳо лона сохтаӣ!
Вақте ки дардҳо мисли азоби зане ки мезояд,
туро фаро гирад, чӣ қадар оҳу воҳ хоҳӣ кард!»
24«Ба ҳаёти Ман қасам, — мегӯяд Худованд, — ки агарчи Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо нигине бар дасти рости Ман мебуд, аз он ҷо ҳам туро мекандам.
25Ва Ман туро ба дасти толибони ҷонат ва ба дасти касоне ки аз онҳо метарсӣ, ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил ва ба дасти калдониён хоҳам супурд.
26Ва ту ва модари туро, ки туро зоидааст, ба замини дигаре ки дар он ҷо зоида нашудаед, хоҳам андохт, ва шумо дар он ҷо хоҳед мурд.
27Ва ба замине ки ҷонашон орзу дорад ба он ҷо баргарданд, нахоҳанд баргашт».
28Оё ин шахс, Коньё, ҳайкали манфури шикастаест,
ё зарфи нодаркорест?
Чаро онҳо — ӯ ва насли ӯ — дур андохта,
ба замине ки намедонистанд, партофта шудаанд?
29Эй замин, эй замин, эй замин!
Каломи Худовандро бишнав!
30Худованд чунин мегӯяд:
«Ин шахсро безоту зуриёт,
марди дар умраш комьёбнашудае бинависед,
зеро ки касе аз наслаш комьёб шуда,
бар тахти Довуд нахоҳад нишаст
ва дар Яҳудо дигар салтанат нахоҳад ронд».
Currently Selected:
Ирмиё 22: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.