YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 21

21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Набӣ ба Сидқиё асирии Бобилро пешгӯӣ мекунад.
1Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуд, вақте ки подшоҳ Сидқиё Пашҳур ибни Малкиё ва Сафаньё ибни Маъсиёи коҳинро назди ӯ фиристода, гуфт:
2«Лутфан, барои мо аз Худованд бипурс, зеро ки Набукаднесар подшоҳи Бобил бар зидди мо ҷанг мекунад; шояд, Худованд барои мо чизе монанди тамоми мӯъҷизоти Ӯ ба амал оварад, то ки вай аз мо қафо гардад».
3Ва Ирмиё ба онҳо гуфт: «Ба Сидқиё чунин бигӯед:
4„Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман олоти ҷангро, ки дар дасти шумост, ва шумо ба воситаи онҳо бо подшоҳи Бобил ва калдониёне ки шуморо аз беруни ҳисор муҳосира намудаанд, ҷанг мекунед, ба самти дигар хоҳам гардонид, ва онҳоро андаруни ин шаҳр ҷамъ хоҳам овард;
5Ва Худам бар зидди шумо бо дасти тӯлонӣ ва бозуи қавӣ ва бо ғазаб ва қаҳр ва хашми азиме ҷанг хоҳам кард;
6Ва сокинони ин шаҳрро — ҳам одамон ва ҳам чорпоёнро — зарба хоҳам зад: онҳо аз вабои бузурге хоҳанд мурд.
7Ва баъд аз он, — мегӯяд Худованд, — Сидқиё подшоҳи Яҳудо, ва бандагонаш, ва ин қавм, ва онҳоеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ боқӣ мондаанд, ба дасти Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ва ба дасти душмани онҳо, ва ба дасти толибони ҷонашон хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард, ва дар ҳаққи онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳад намуд“.
8Ва ба ин қавм бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ба шумо роҳи ҳаёт ва роҳи мамотро пешниҳод менамоям:
9Ҳар кӣ дар ин шаҳр бимонад, аз шамшер ва қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд, вале ҳар кӣ баромада, ба калдониёне ки шуморо муҳосира кардаанд, таслим шавад, зинда хоҳад монд, ва ҷонаш барои вай ғанимат хоҳад гардид.
10Зеро ки рӯи Худро бар ин шаҳр ба бадӣ, ва на ба некӣ, нигаронидаам, — мегӯяд Худованд. — Он ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид“.
11Ва ба хонадони подшоҳи Яҳудо: „Каломи Худовандро бишнавед!
12Эй хонадони Довуд! Худованд чунин мегӯяд:
бомдодон аз рӯи инсоф доварӣ намоед
ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед;
мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо,
мисли оташ берун омада, аланга занад,
ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад“».
13«Инак, Ман зидди ту ҳастам,
эй сокинаи водӣ ва эй сахраи ҳомун, —
мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ки мегӯянд:
„Кист, ки бар мо ҳуҷум оварад,
ва кист, ки ба масканҳои мо дохил шавад?“
14Валекин Ман мувофиқи самари аъмолатон шуморо ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, —
ва оташе дар ҷангали он хоҳам зад,
ки тамоми гирду атрофи онро хоҳад сӯзонид».

Currently Selected:

Ирмиё 21: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 21