Ирмиё 20
20
БОБИ БИСТУМ
Пашҳур Ирмиёро таҳқир намуд;
пешгӯӣ дар бораи асирии Бобил.
1Ва Пашҳур ибни Имери коҳин, ки сардори нозирон дар хонаи Худованд буд, ин суханонро, ки Ирмиё нубувват кард, шунид,
2Ва Пашҳур Ирмиёи набиро зада, дар шиканҷагоҳе ки дар дарвозаи болои Биньёмин назди хонаи Худованд буд, андохт.
3Ва фардои он Пашҳур Ирмиёро аз шиканҷагоҳ баровард, ва Ирмиё ба вай гуфт: «Худованд номи туро Пашҳур#20:3 Пашҳур — фароғат дар гирду пеш. не, балки Магӯр‐Мисавив#20:3 Магӯр‐Мисавив — даҳшат дар гирду пеш. хондааст.
4Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман туро барои худат ва барои ҳамаи дӯстонат рамзи даҳшат мегардонам, ва онҳо ба дами шамшери душманони худ фурӯ хоҳанд ғалтид, ва чашмонат инро хоҳад дид; ва Ман тамоми Яҳудоро ба дасти подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба Бобил хоҳад бурд, ва онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард;
5Ва тамоми сарвати ин шаҳрро, ва тамоми молу мулки онро, ва тамоми ашьёи гаронбаҳои онро хоҳам супурд; ва ҳамаи ганҷинаҳои подшоҳони Яҳудоро ба дасти душманонашон хоҳам дод, ва онҳоро толону тороҷ карда ва тасарруф намуда, ба Бобил хоҳанд бурд.
6Ва ту, эй Пашҳур, ва ҳамаи сокинони хонаи ту ба асирӣ хоҳед рафт; ва ба Бобил хоҳӣ расид, ва дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо дафн карда хоҳӣ шуд, — ту, ва ҳамаи дӯстонат, ки барояшон ту нубуввати бардурӯғ мекардӣ».
7Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам;
Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ;
ман тамоми рӯз хандахариш гардидам:
ҳар кӣ маро тамасхур мекунад.
8Зеро, ҳамин ки ба суханронӣ шурӯъ намоям,
дар бораи зулм фарьёд мезанам,
ва дар бораи тороҷ фиғон мекашам,
чунки каломи Худованд барои ман нанг
ва тамасхури харрӯза гардидааст.
9Ва ман ба дили худ гуфтам: «Дигар Ӯро зикр нахоҳам кард,
ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд».
Вале он дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд,
ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст,
ва ман онро боздошта, хаста гардидаам, ва натавонистам.
10Зеро ки аз ҷониби касони бисьёр бӯҳтон шунидам,
ва даҳшат дар гирду пеш буд:
«Арз кунед, ва мо аз ӯ шикоят хоҳем намуд».
Ҳатто ҳамаи онҳое ки дӯсти худ медонистам,
бар ман камин мекунанд:
«Шояд саҳве кунад, ва мо бар ӯ ғолиб оем,
ва интиқоми худро аз ӯ бигирем».
11Лекин Худованд, мисли ҷаббори пуриқтидор,
бо ман аст;
бинобар ин таъқибкунандагони ман пешпо хӯрда, ғолиб нахоҳанд омад;
бағоят шармсор хоҳанд шуд, чунки аблаҳона рафтор карданд;
хиҷолати абадии онҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
12Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки одилро меозмоӣ
ва ботину дилро мебинӣ, чунин бикун,
ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам,
зеро ки даъвои худро пеши ту зоҳир намудаам.
13Барои Худованд бисароед, Худовандро ҳамду сано гӯед,
зеро ки Ӯ ҷони мискинро аз дасти шарирон наҷот додааст.
14Малъун бод рӯзе ки дар он зоида шудаам!
Муборак мабод рӯзе ки модарам маро зоидааст!
15Малъун бод шахсе ки ба падарам мужда дода, гуфтааст:
«Барои ту фарзанди нарина зоида шуд!» —
ва ӯро бағоят шод кардааст.
16Бигзор аҳволи он шахс мисли шаҳрҳое бишавад,
ки Худованд онҳоро вожгун кард ва ҳеҷ таассуф нанамуд;
бигзор вай субҳидам фиғон ва нимирӯзӣ фарьёд бишнавад,
17Аз боиси он ки вай маро дар худи батн намиронидааст,
то ки модарам қабри ман бошад,
ва батнаш ҳомилаи абадӣ бимонад.
18Чаро ман аз батн берун омадаам,
то ки машаққат ва андӯҳ бубинам,
ва рӯзҳоям дар хиҷолат адо шавад?
Currently Selected:
Ирмиё 20: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.