Ирмиё 19
19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Кӯзаи шикаста — тимсоли валангор шудани Ерусалим.
1Худованд чунин гуфт: «Бирав ва кӯзаи сафолин аз кулолгар бихар, ва баъзе аз пирони қавм ва пирони коҳинонро бо худ бигир.
2Ва ба водии Бен‐Ҳиннӯм, ки дар даҳани дарвозаи Ҳарсит воқеъ аст, баромада, суханонеро, ки ба ту хоҳам гуфт, дар он ҷо эълон намо,
3Ва бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак Ман бар ин макон чунон мусибате меоварам, ки ҳар кӣ онро бишнавад, гӯшҳояш садо хоҳад дод,
4Аз барои он ки Маро тарк карданд, ва ин маконро аз Ман бегона сохтанд, ва дар он барои худоёни дигар, ки худашон ва падаронашон ва подшоҳони Яҳудо намешинохтанд, бухур сӯзониданд, ва ин маконро аз хуни бегуноҳон пур карданд;
5Ва минбарҳо барои Баал бино карданд, то ки писарони худро ҳамчун қурбониҳои сӯхтанӣ барои Баал дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва нагуфтаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.
6Бинобар ин, — мегӯяд Худованд, — айёме фаро мерасад, ки ин макон дигар Тӯфет ва водии Бен‐Ҳиннӯм номида нахоҳад шуд, балки водии қатл.
7Ва машварати Яҳудо ва Ерусалимро дар ин макон ботил хоҳам кард, ва онҳоро пеши душманонашон ва бо дасти толибони ҷонашон ба дами шамшер фурӯ хоҳам ғалтонид, ва ҷасадҳои онҳоро хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳам гардонид.
8Ва ин шаҳрро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушӣ хоҳам гардонид, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтад ва аз дидани ҳамаи захмҳояш мадҳуш шавад.
9Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.
10Ва кӯзаро дар пеши назари одамоне ки бо ту меоянд, бишкан.
11Ва ба онҳо бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ин қавм ва ин шаҳрро ончунон хоҳам шикаст, чунон ки зарфи кулолгарро мешикананд, ва онро дигар дуруст кардан мумкин нест; ва онҳоро, ба сабаби камии ҷои дафн, дар Тӯфет дафн хоҳанд кард.
12Ба ин макон, — мегӯяд Худованд, — ва ба сокинонаш чунин амал хоҳам кард, ва ин шаҳрро мисли Тӯфет хоҳам гардонид.
13Ва хонаҳои Ерусалим ва хонаҳои подшоҳони Яҳудо мисли макони Тӯфет палид хоҳанд шуд, яъне ҳамаи хонаҳое ки бар бомҳошон барои тамоми лашкари осмон бухур сӯзонидаанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни бегона рехтаанд“».
14Ва Ирмиё аз Тӯфет, ки Худованд ӯро барои нубувват кардан ба он ҷо фиристода буд, омад ва дар саҳни хонаи Худованд истода, ба тамоми қавм гуфт:
15«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар ин шаҳр ва бар ҳамаи қасабаҳояш тамоми мусибатеро, ки дар бораи он сухан рондаам, хоҳам овард, чунки онҳо гарданкашӣ карда, суханони Маро нашнидаанд».
Currently Selected:
Ирмиё 19: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.