Ирмиё 18
18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Ирмиё дар хонаи кулолгар.
1Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2«Бархез ва ба хонаи кулолгар фурӯд ой, ва дар он ҷо суханони Худро ба ту хоҳам шунавонид».
3Ва ман ба хонаи кулолгар фурӯд омадам, ва инак, ӯ бар чархҳо кор мекард.
4Ва зарфе ки кулолгар аз гил месохт, дар дасти ӯ вайрон шуд, ва ӯ аз нав зарфи дигаре аз он сохт, ба тавре ки ба чашми кулолгар рост омад, ки бисозад.
5Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
6«Оё Ман ба шумо, эй хонадони Исроил, мисли ҳамин кулолгар наметавонам рафтор намоям? — мегӯяд Худованд. — Инак, чунон ки гил дар дасти кӯзагар аст, ончунон шумо, эй хонадони Исроил, дар дасти Ман мебошед.
7Баъзан Ман дар бораи халқе ва мамлакате мегӯям, ки онҳоро решакан ва хароб ва талаф хоҳам намуд,
8Валекин агар халқе ки дар бораи онҳо ин суханро гуфтаам, аз шарорати худ тавба кунанд, Ман он мусибатеро, ки азм доштам бар онҳо оварам, ботил хоҳам кард.
9Ва баъзан Ман дар бораи халқе ва мамлакате мегӯям, ки онҳоро обод ва устувор хоҳам сохт,
10Валекин агар онҳо пеши назари Ман бадкорӣ карда, ба овози Ман гӯш надиҳанд, Ман он некиро, ки мехостам ба онҳо бикунам, ботил хоҳам кард.
11Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.
12Вале онҳо мегӯянд: „Не, умеде нест! Зеро ки мо қасдҳои худро пайравӣ хоҳем кард, ва ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор хоҳем намуд“.
13Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:
дар миёни халқҳо бипурсед:
кист, ки чизе монанди ин шунида бошад?
Бокираи Исроил маъсияти азиме ба амал овардааст.
14Оё барфи Лубнон қуллаи кӯҳро тарк мекунад?
Оё обҳои сарде ки аз ҷойҳои дур ҷорист, хушк мешавад?
15Аммо қавми Ман Маро фаромӯш карда,
барои батолат бухур месӯзонанд,
ва он батолат онҳоро дар роҳҳои онҳо,
ки тариқҳои қадим аст, пешпо мезанад,
то ки бо пайроҳаҳои ҷоддаи нообод қадамгузор шаванд,
16То ки замини худро ба биёбон табдил дода,
боиси мадҳушии абадӣ гардонанд,
ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад,
дар ҳайрат афтода, сари худро хоҳад ҷунбонид.
17Ман мисли боди шарқӣ онҳоро пеши душман пароканда хоҳам кард;
дар рӯзи ҳалокаташон пуштро ба онҳо нишон хоҳам дод, на ин ки рӯйро».
18Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».
19Ба ман, эй Худованд, гӯш андоз
ва овози мухолифони маро бишнав.
20Оё ба ивази некӣ бадӣ мекунанд?
Онҳо, охир, барои ҷони ман чоҳ мекананд.
Ба ёд овар, ки ман ба ҳузури Ту истода будам,
то ки дар бораи онҳо суханони нек гуфта,
ғазаби Туро аз онҳо баргардонам.
21Бинобар ин писарони онҳоро ба қаҳтӣ гирифтор намо,
ва онҳоро ба дами шамшер бисупор;
бигзор занони онҳо гумкардафарзанд ва бева шаванд,
ва шавҳаронашон куштаи вабо,
ва ҷавононашон дар ҷанг қурбони шамшер гарданд.
22Бигзор аз хонаҳои онҳо нолаю фиғон шунида шавад,
вақте ки Ту ногаҳон бар онҳо фавҷе биёрӣ;
зеро ки онҳо барои андармон кардани ман чоҳ кандаанд,
ва домҳо барои пойҳои ман ба таври ниҳонӣ гузоштаанд.
23Валекин Ту, эй Худованд, тамоми қасди онҳоро,
ки барои куштани ман доранд, медонӣ;
пас гуноҳи онҳоро наомурз,
ва маъсияти онҳоро аз хотири Худ набарор;
бигзор онҳо ба ҳузури Ту вожгун гарданд;
дар вақти ғазаби Худ бар онҳо доварӣ намо.
Currently Selected:
Ирмиё 18: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.