YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 15

15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Ҳалокати қавм ногузир аст.
1Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.
2Ва агар ба ту бигӯянд: „Ба куҷо биравем?“ — ба онҳо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд:
„Он ки маҳкум ба марг аст — ба марг,
ва он ки маҳкум ба шамшер аст — ба шамшер,
ва он ки маҳкум ба қаҳтист — ба қаҳтӣ,
ва он ки маҳкум ба асирист — ба асирӣ дучор хоҳад шуд“.
3Ва Ман бар онҳо чор навъ мусибатро амр хоҳам фармуд, — мегӯяд Худованд: — Шамшерро барои куштан, ва сагонро барои даридан, ва мурғони осмон ва ҳайвоноти саҳроро барои хӯрдан ва талаф кардан.
4Ва Ман онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод, аз боиси Менашше ибни Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва корҳое ки ӯ дар Ерусалим кардааст.
5Кист, ки бар ту, эй Ерусалим, раҳм кунад,
ва кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор намояд,
ва кист, ки омада, аҳволи туро бипурсад?
6Ту Маро тарк кардӣ, — мегӯяд Худованд, — ақиб гаштӣ;
бинобар ин Ман дасти Худро бар ту дароз карда,
туро талаф хоҳам намуд: аз пушаймон шудан безорам.
7Ва Ман онҳоро назди дарвозаҳои замин бо ғалбер бод хоҳам дод;
қавми Худро аз фарзандҳошон маҳрум сохта, талаф
хоҳам намуд, чунки онҳо аз роҳҳои худ нагаштанд.
8Бевазанони онҳо пеши назари Ман аз реги дарьё зиёдтаранд;
бар онҳо, бар модари ҷавонон, тороҷгареро хоҳам овард,
ки дар нимирӯзӣ тороҷ мекунад;
онҳоро ногаҳон дар тарс ва даҳшат хоҳам андохт.
9Зане ки ҳафт бача зоидааст, беҳуш гардида,
ҷон медиҳад;
офтоби вай дар миёнаи рӯз ғуруб намуда, вай шармсор ва хиҷил шудааст;
бақияи онҳоро низ пеши назари душманонашон
ба дами шамшер хоҳам супурд», — мегӯяд Худованд.
10Вой бар ман, эй модарам, ки ту маро марде зоидаӣ,
ки тамоми аҳли замин бо ман низоъ ва нифоқ мекунанд!
На ба касе қарз додаам, ва на аз касе қарз гирифтаам,
лекин ҳама ба ман лаънат мехонанд.
11Худованд мегӯяд: «Оё Ман туро ба манфиати ту тақвият надодам?
Оё дар замони мусибат ва дар замони тангӣ душманонатро пеши ту мағлуб накардам?
12Оё метавонанд оҳан,
яъне оҳани шимолӣ, ва мисро бишкананд?
13Сарвати ту ва хазинаҳои туро аз боиси ҳамаи гуноҳҳое ки ту дар тамоми ҳудуди худ кардӣ,
муфт ба тороҷ хоҳам дод.
14Ва туро бо душманонат ба замине ки намедонӣ, хоҳам кӯчонид,
зеро ғазаби Ман оташ гирифтааст,
ва он бар шумо аланга хоҳад зад».
15Ту, эй Худованд, инро медонӣ;
пас, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо,
ва интиқоми маро аз таъқибкунандагонам бигир;
ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун;
бидон, ки ба хотири Ту бори нангро бардоштаам.
16Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам,
ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид,
зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам.
17Дар маҷлиси бозигарон нанишастаам ва дилхушӣ накардаам;
аз дасти Ту танҳо нишастам,
зеро ки Ту маро аз ғазаб пур кардӣ.
18Чаро дарди ман доимист, ва захми ман сахт аст,
ба тавре ки шифоро намепазирад?
Ту барои ман чашмаи яъсовар, оби бевафо будӣ.
19Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:
«Агар ту баргардӣ, Ман туро қабул хоҳам кард,
он гоҳ ба ҳузури Ман хоҳӣ истод;
ва агар гаронбаҳоро аз ночиз берун оварӣ,
мисли даҳони Ман хоҳӣ буд;
онҳо назди ту хоҳанд баргашт,
вале ту назди онҳо нахоҳӣ баргашт.
20Ва Ман туро барои ин қавм ҳисори мустаҳками мисин хоҳам гардонид;
ва онҳо ба муқобили ту хоҳанд ҷангид,
вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад,
зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро наҷот диҳам
ва раҳо кунам, — мегӯяд Худованд. —
21Ва туро аз дасти шарирон раҳо хоҳам кард,
ва туро аз дасти ситамгарон халосӣ хоҳам дод».

Currently Selected:

Ирмиё 15: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in