Ирмиё 16
16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Валангор шудани мамлакат ва ба асирӣ рафтани қавм.
Ирмиё бояд бе зан бимонад.
1Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
2«Барои худ зан нагир, ва туро дар ин макон писарон ва духтарон набошанд.
3Зеро Худованд дар бораи писарон ва духтароне ки дар ин макон зоида мешаванд, ва дар бораи модарони онҳо, ки онҳоро мезоянд, ва дар бораи падарони онҳо, ки онҳоро дар ин замин ба вуҷуд меоваранд, чунин мегӯяд:
4Онҳо аз бемориҳои сахт хоҳанд мурд; барои онҳо касе навҳа нахоҳад кард, ва онҳо дафн карда нахоҳанд шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд; ва ба дами шамшер ва аз қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, ва ҷасадҳои мурдаи онҳо хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.
5Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: ба хонаи мотам надаро, ва барои навҳа кардан нарав, ва ба онҳо таъзия баён накун; зеро ки Ман, — мегӯяд Худованд, — осоиштагии Худро, яъне эҳсон ва марҳаматро аз ин қавм дур кардаам.
6Ва калонон ва хурдон дар ин замин хоҳанд мурд, ва дафн карда нахоҳанд шуд, ва барои онҳо навҳагарӣ нахоҳанд кард, ва бадани худро харошида маҷрӯҳ нахоҳанд намуд, ва барои онҳо мӯйсари худро нахоҳанд тарошид.
7Ва барои онҳо нон нахоҳанд шикаст, то ки ба мотамдорон дар бораи мурдагонашон таъзия баён кунанд, ва ба онҳо косаи таъзиятро дар бораи падар ё модарашон нахоҳанд нӯшонид.
8Ба хонаи базм низ надаро, то ки бо онҳо нишаста, бихӯрӣ ва бинӯшӣ.
9Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман дар пеши назари шумо ва дар айёми шумо садои шодӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро аз ин макон нест хоҳам кард.
10Ва ҳангоме ки ту ба ин қавм ҳамаи ин суханонро баён намоӣ, ва онҳо ба ту бигӯянд: „Аз чӣ сабаб Худованд тамоми ин мусибати бузургро бар зидди мо изҳор кардааст? Ва маъсияти мо чист, ва гуноҳе ки пеши Худованд Худои худ кардаем, чист?“ —
11Он гоҳ ба онҳо бигӯй: аз он сабаб, ки падарони шумо Маро тарк карданд, — мегӯяд Худованд, — ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо ибодат ва саҷда карданд, валекин Маро тарк намуданд, ва шариати Маро риоя накарданд.
12Ва шумо аз падарони худ боз ҳам бадтар рафтор кардед, ва ҳар яке аз шумо саркашии дили шарири худро пайравӣ менамояд, бе он ки Маро бишнавад.
13Ба ин сабаб Ман шуморо аз ин замин ба замине ки шумо ва падаронатон надонистаед, хоҳам партофт, ва шумо дар он ҷо худоёни дигарро рӯзу шаб ибодат хоҳед намуд, зеро ки Ман ба шумо шафқат нахоҳам кард.
14Бинобар ин, инак айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки дигар гуфта нахоҳад шуд: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун овард“,
15Балки: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини шимолӣ ва аз ҳамаи заминҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар ронда буд, берун овард“; зеро ки Ман онҳоро ба замине ки ба падаронашон дода будам, хоҳам баргардонид.
16Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.
17Зеро ки чашмонам бар ҳамаи роҳҳои онҳост: онҳо аз Ман пинҳон нестанд, ва маъсияташон аз чашмони Ман пӯшида нест.
18Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд».
19«Худовандо! Ту қуввати ман ва муттакои ман
ва паноҳгоҳи ман дар рӯзи тангӣ ҳастӣ!
Назди Ту халқҳо аз ақсои замин омада, хоҳанд гуфт:
„Падарони мо фақат чизҳои дурӯғ ва ҳеҷу пучро,
ки манфиате аз онҳо нест, мерос гирифтаанд“.
20Оё одамизод метавонад барои худ худоён бисозад,
ва ҳол он ки онҳо худо нестанд?»
21«Бинобар ин, инак Ман ҳамин дафъа ба онҳо нишон хоҳам дод:
дасти Худ ва иқтидори Худро ба онҳо нишон хоҳам дод,
ва онҳо хоҳанд донист, ки исми Ман Худованд аст.
Currently Selected:
Ирмиё 16: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.