YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 14

14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Пешгӯӣ дар бораи хушксолӣ ва қаҳтӣ.
1Каломи Худованд, ки дар бораи хушксолӣ
бар Ирмиё нозил шудааст.
2«Яхудо мотам гирифтааст,
ва дарвозаҳояш вайрон шуда, бар замин хобидааст,
ва истиғосаи Ерусалим баланд мешавад.
3Ва акобирашон навкарони худро барои об мефиристанд;
онҳо назди ҳавзҳо меоянд, аммо об намеёбанд;
бо зарфҳои холӣ бармегарданд;
ошуфта ва хиҷил гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.
4Азбаски замин кафидааст,
зеро дар мамлакат борон наборидааст,
бинобар ин зироаткорон ошуфта гардида,
сарҳои худро мепӯшонанд.
5Ҳатто ғизол дар саҳро зоида, бачаашро тарк мекунад,
чунки сабзае нест.
6Ва гӯрхарон бар теппаҳо истода,
мисли шағолон ҳаворо фурӯ мебаранд;
чашмони онҳо хира шудааст, чунки алафе нест».
7Агарчи гуноҳҳои мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад,
Ту, эй Худованд, ба хотири исми Худ амал намо;
зеро ки муртадиҳои мо бисьёр шудааст,
ва мо пеши Ту гуноҳкор ҳастем.
8Эй умеди Исроил, ки варо дар вақти тангӣ наҷот медиҳӣ!
Чаро Ту дар ин замин мисли бегонае мебошӣ,
ва мисли меҳмоне ки барои шабгузаронӣ омада бошад?
9Чаро Ту мисли шахси саргаранге мебошӣ,
ва мисли паҳлавоне ки наметавонад наҷот диҳад?
Валекин Ту, эй Худованд, дар миёни мо ҳастӣ,
ва мо ба исми Ту номида шудаем, пас моро тарк накун.
10Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».
11Ва Худованд ба ман гуфт: «Барои манфиати ин қавм дуо нагӯй.
12Агар онҳо рӯза доранд, тазаррӯашонро нахоҳам шунид; ва агар қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ биёранд, онро қабул нахоҳам кард, балки Ман онҳоро бо шамшер ва қаҳтӣ ва вабо талаф хоҳам намуд».
13Ва ман гуфтам: «ё Худоё Худовандо! Инак, анбиё ба онҳо мегӯянд: „Шамшерро нахоҳед дид, ва қаҳтӣ ба шумо воқеъ нахоҳад шуд, балки осоиштагии пойдоре ба шумо дар ин макон хоҳам дод“».
14Ва Худованд ба ман гуфт: «Анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд; Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудаам ва сухане нагуфтаам; онҳо рӯъёи дурӯғ ва ҷоду ва батолат ва макри дили худро ба шумо нубувват мекунанд.
15Бинобар ин Худованд дар бораи анбиё чунин мегӯяд: онҳо ба исми Ман нубувват мекунанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам, ва онҳо мегӯянд: „Шамшер ва қаҳтӣ дар ин замин воқеъ нахоҳад шуд“; ин анбиё аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд.
16Ва қавме ки онҳо барояшон нубувват мекунанд, ба сабаби қаҳтӣ ва шамшер дар кӯчаҳои Ерусалим партофта хоҳанд шуд, ва касе нахоҳад буд, ки онҳо ва занони онҳо ва писарон ва духтарони онҳоро дафн кунад; ва Ман шарорати онҳоро бар онҳо хоҳам рехт.
17Ва ин каломро ба онҳо бигӯй:
„Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад,
ва ашкаш хотима наёбад;
зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст,
бо зарбае ки ҳалокатовар аст.
18Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер;
ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ;
зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин
бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».
19Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ?
Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст?
Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест?
Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест;
ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.
20Мо, эй Худованд, ба шарорати худ,
ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем,
зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.
21Ба хотири исми Худ моро рад нанамо;
тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун;
аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.
22Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд?
Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад?
Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ,
ва мо ба Ту умед хоҳем баст,
зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.

Currently Selected:

Ирмиё 14: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in