YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 13

13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Камарбанди катон — симои қавми фосидшуда.
1Худованд ба ман чунин гуфт: «Бирав ва барои худ камарбанди катоне бихар ва онро бар камари худ бибанд, вале онро дар об нағӯтон».
2Ва ман камарбандро мувофиқи каломи Худованд харидам, ва онро ба камари худ бастам.
3Ва каломи Худованд дафъаи дуюм бар ман нозил шуда, гуфт:
4«Камарбандеро, ки харидӣ, ва он бар камари туст, бигир, ва бархоста, сӯи Фурот рав ва онро дар шикофи сахра пинҳон кун».
5Ва ман рафта, онро назди Фурот пинҳон кардам, чунон ки Худованд ба ман амр фармуд.
6Ва баъд аз гузаштани рӯзҳои зиёде Худованд ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи Фурот рав, ва камарбандеро, ки ба ту амр фармуда будам, ки дар он ҷо пинҳон кунӣ, аз он ҷо бигир».
7Ва ман сӯи Фурот рафта, кофтам, ва камарбандро аз ҷое ки пинҳон карда будам, гирифтам, ва инак, камарбанд пӯсида буд, ба тавре ки мутлақо кор намеомад.
8Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
9«Худованд чунин мегӯяд: кибри Яҳудо ва кибри азими Ерусалимро ҳамин тавр талаф хоҳам намуд.
10Ин қавми шарир, ки аз шунидани суханони Ман гардан метобанд, саркашии дилҳои худро пайравӣ менамоянд, ва аз қафои худоёни бегона мераванд, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда кунанд, мисли ин камарбанде ки мутлақо кор намеояд, хоҳанд шуд.
11Зеро, чунон ки камарбанд ба камари одам мечаспад, ончунон Ман тамоми хонадони Исроил ва тамоми хонадони Яҳудоро ба Худам часпонидам, — мегӯяд Худованд, — то ки барои Ман қавм, ва исм, ва фахр, ва зинат бошанд, валекин нашниданд.
12Ва ту ба онҳо ин каломро бигӯй: Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ҳар машк аз шароб пур хоҳад шуд“. Ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт: „Оё мо намедонем, ки ҳар машк аз шароб пур хоҳад шуд?“
13Ва ту ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ҳамаи сокинони ин заминро бо подшоҳоне ки бар тахти Довуд нишастаанд, ва коҳинон ва анбиё ва ҳамаи сокинони Ерусалимро аз шароб то ба дараҷаи мастӣ пур хоҳам кард,
14Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».
15Бишнавед ва гӯш диҳед ва ҳавобаландӣ накунед!
Зеро ки Худованд сухан меронад.
16Худованд Худои худро ҷалол диҳед пеш аз он ки Ӯ торикиро падид оварад,
ва пеш аз он ки пойҳои шумо бар кӯҳҳои тираранг билағжад;
ва шумо рӯшноиро интизор хоҳед шуд,
вале Ӯ онро зулмот хоҳад гардонид
ва ба абри сиёҳе мубаддал хоҳад кард.
17Ва агар шумо инро нашнавед,
ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард;
ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт,
зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.
18Ба подшоҳ ва ба модари ӯ бигӯй:
«Поёнтар биншинед, чунки аз сарҳотон тоҷи шавкати шумо афтодааст.
19Шаҳрҳои ҷанубӣ баста шудааст,
ва касе нест, ки онҳоро бикшояд;
тамоми Яҳудо ба асирӣ бурда шудааст,
комилан ба асирӣ бурда шудааст.
20Чашмони худро баланд кунед ва онҳоеро,
ки аз шимол меоянд, бубинед;
рамае ки ба ту дода шуда буд,
он рамаи шавкати ту куҷост?
21Ту чӣ хоҳӣ гуфт, чун Ӯ туро танбеҳ намояд?
Худат, охир, онҳоро омӯхта кардаӣ, ки бар ту сардор бошанд;
оё дардҳо туро, мисли зане ки мезояд, фаро намегирад?
22Ва агар дар дили худ бигӯӣ: „Чаро ин чизҳо ба ман рӯй додааст?“ —
ба сабаби гуноҳҳои зиёди ту доманат кушода шудааст,
пошнаҳоят бо зӯрӣ бараҳна гардидааст.
23Оё ҳабашӣ метавонад пӯсти худро дигаргун созад,
ва паланг — доғҳои худро?
Ончунон шумо низ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаед,
оё метавонед кори нек бикунед?
24Ва Ман онҳоро мисли коҳрезае ки бо боди биёбон бурда мешавад,
пароканда хоҳам кард.
25Насибаи ту, қисмате ки барои ту аз ҷониби Ман чен карда шудааст,
ҳамин аст, — мегӯяд Худованд, — аз он сабаб, ки ту
Маро фаромӯш кардаӣ ва ба дурӯғ эътимод намудаӣ.
26Ва Ман низ доманатро бар рӯи ту бардоштам,
ва аврати ту намудор шуд.
27Фиску фуҷури ту ва ваҷди шаҳвонии ту,
зиштии зинокории ту ва қабоҳатҳои туро
бар теппаҳои саҳро дидаам.
Вой бар ту, эй Ерусалим!
Пас аз ин ту то ба кай пок нахоҳӣ шуд?»

Currently Selected:

Ирмиё 13: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 13